Ҷомеаи тоҷикони Канада

Ҷомеаи тоҷикони Канада созмони фарҳангист. Мақсади анҷумани мо дар миёни фарҳанги бисёрмиллати Конодо ҷои сазовор додани фарҳанги волои тоҷикон буда, дар баробари ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллии тоҷикон мебошад. Ҷомеаи мо сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Вақте ки ин сомона арзи вуҷуд намуда буд, он расман бо номи Анҷумани тоҷикони Канада рӯ ба фаъолият сар карда буд. Он вақт мо кӯшиш кардем, ки тоҷиктаборони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбакистонро муттаҳид созем. Аммо баъзе аз дӯстони ғайритоҷикистонии мо афкори мухталиф дар ин бобат ва ҳатто иддае аз вожаи "тоҷик" доштани номи анҷуман дар миёни созмонҳои афғонӣ дар ҳолати номуайянӣ қарор гирифта буданд. Аммо ба ин гурӯҳ нигоҳ накарда, тӯли ин солҳо анҷумани тоҷикон дар миёни анҷуманҳои миллию фарҳангии Канада эътироф шуд ва мавқеъи хоси худро пайдо кард. Аз моҳи марти соли 2014 сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада фақат марбут ба ҷамъияти тоҷикистонии Канада ва чанде дӯстони тоҷику форсизабонони Ӯзбакистон, Афғонистон, Русия, Исроил ва дигар кишварҳост, ки дар қаламрави Канада зиндагӣ мекунанд ва розӣ ҳастанд таҳти парчами Тоҷикистон ва Канада бо мо якҷо бошанд. Ҷомеаи тоҷикони Канада аслан инъикосдиҳандаи рӯҳу афкори тарафдоронаш: тоҷиктаборон ва тоҷикистониёни муқими Канада буда, бо ягон ниҳоде дар Тоҷикистон ё дигар кишваре тобеъ ва ё пойбанд нест. 

Сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада ба озодии сухан арҷ мегузорад ва ҳама гуна афкори солимро ба нашр медиҳад. 

Мамнун аз ҳамкориҳоятон бо ҷомеаи тоҷикони Канада, аввалин ташкилоти тоҷиктаборони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар қаламрави давлати Канада.

Бо эҳтиром, 

Бунёдгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада,

Равшан Темуриён


Раҳбарияти ҷамъияти тоҷикони Канада

Иялоти Алберта

Зулфия Мирзоева, раиси ҷамъити тоҷикони Алберта, Муовини раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада

 Зулфия дар дараи фараҳбахшу биҳиштии Варзоб воқеъ дар шафати шимолии шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъди хатми мактаби ҳаштсолаи ноҳияаш ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, соҳиби касби ҳамшираи тиббӣ гашт. Баъдан дар Донишгоҳи давалатии миллии Тоҷикистон дар риштаи забон ва адабиёт ба бахши ғоибона таҳсилашро идома дод ва ҳамзамон ӯ муваффақ шуд Коллеҷи тиҷоратии Тоҷикистонро дар риштаи соҳибкорӣ дар бозори байнамилалии мол ва хизматрасониро ба анҷом бирасонад. Дар солҳои 1996 то 2005 дар вазорати маорифи Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони ин кишвар фаъолият дошт. Соли 2005 хонаводаи Зулфия бо духтари дусолаашон ба Канада муҳоҷират намуданд. Нӯҳ сол аст, ки ишон бо оилаашон ва ду фарзандашон, яке духтар ва дигаре писар, ки дар кишвари Канада ба дунё омад, дар шаҳри Едмонтони иялоти Алберта зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Зулфия дар солҳои 2010-2011 тадриси қаблаздонишгоҳии Канадаиро сипарӣ намуда, дар соли 2011 ба донишгоҳи мӯътабари Алберта дар риштаи иқтисод ва сиёсат дохил шуд. Зулфия яке аз фарзандони бисёр дӯстдоштаи миллати тоҷик дар Канада ба шумор рафта, ҳамеша дар набзи корҳои ҷамъияти тоҷикони Канада ҳастанд.

Дар маҷлиси намояндагони тоҷикистониёни муқими Едмонтони Алберта бо иштироки мири шаҳри Едмонтон ҷаноби Дон Ивесон бону Зулфия Мирзоева якдилона раиси ҷамъияти тоҷкони Алберта интихоб шуд. Ишон ҳамраиси ҷомеаи тоҷикони Канада ба шумор мераванд.

Иялоти Бритиш Колумбия

Шӯҳрат Саидмуродов, раиси ҷамъияти тоҷикони Бритиш Колумбия, Муовини раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада 

Шӯҳрат зодаи пойтахти Тоҷикистон. Хатмкунандаи мактаби миёнаи рақами 15-и шаҳри Душанбе. Дастпарвари факултети шарқшиносии донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи забонҳои арабӣ ва англисӣ. Чандин сол дар кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор ва шореҳ фаъолият дошт. Аз соли 2007 дар шаҳри зебоманзари Вакувери иялоти Бритиш Колумбия бо аҳли хонаводааш ва ду фарзандаш зиндагӣ ихтиёр намудааст. Баъди хатми донишкадаи British Columbia Institute of Technology беш аз ду сол мешавад, ки дар яке аз ширкатҳои мӯътабари коммуникатсионии Канада дар вазифаи мутахассиси тазминкунандаи кайфияти нармафзор фаъолият пеш мебарад.

Иялоти Квебек

Фарангис Нурулло-Хоҷа, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Фарангис оҳангсози машҳури тоҷиктабори Канада ва Шветсия ба шумор меравад. Фарангис набераи оҳангсози машҳур ва бемисли тоҷик Зиёдулло Шаҳидии Самаркандй ва модари Фарангис профессор Мунира Шаҳидй мебошанд. Фарангис дастпарвари Донишгохи Гётенбурги Шветсия. Асархои баландмазмуни мусикии Фарангис дар толорхои машхури мусикии Урупо ва дунё садо медиханд. Осори Фарангисро оркестрхои машхури симфонии Хелсинки, Готенбург, Стокхолм, Мюнхен, Токио, Монреал, Нйу Йорк, Балтимор, Берлин, Париж, Шанхай, Амстердам, Осло ва даххо дастахои хунарии чахон ичро мекунанд. Ишон аввалин охангсози точиктаборанд, ки осорашонро кариб дар хама кунчу канори дунё шунидан мумкин аст. Фарангис барандаи як катор чоизаи чахонанд. Ишон барандаи Чоизаи Бунёди Абу Газзолй (Abu Gazali Foundation) дар Залтсбург (Австрия). Соли 2008 Фарангис ба гирифтани Чоизаи бехтарин охангсоз дар Канада (Joseph S.Stauffer Prize for the Arts, Canada Arts Council) муяссар шуд.Фарангис бо ду фарзандашдар шахраки Лонгӯйи Квебек зиндагй мекунад. Фарангис Нурулло-Хоҷа ифтихори чомеаи точики Канада ба шумор мераванд.

Паймона Ҳамдамова, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Паймона зодаи шаҳри бостонии Панҷакент, зодгоҳи устод Рӯдакии бузург. 

Дастпарвари Донишгоҳи давлатии забонҳо дар ш. Душанбе. Мутахассиси умури омори давлатӣ. 

Чаҳор сол аст, ки бо хонаводааш ва ду фарзандаш дар шаҳри Монтреали Канада зиндагӣ мекунанд. Дар Канада коллеҷи тахассуси Сан-Леонард Де Винчиро дар риштаи муҳосиби касбии ин кишварро ба анҷом мерасонад.

Масъули бахши фарҳангии ҷамъияти тоҷикони Канада.

Саидмуҳаммад Оқилов, Муовини раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада

Саидмуҳаммад дар Зарафшони афсонавӣ таваллуд шуда, дар пойтахти Тоҷикистон донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Синоро бо муваффақият хатм кардааст. 

Табиби касбӣ, тӯли даҳ сол дар беморхонаи клиникии кӯдакон ва Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои гурдаи кӯдакон ба ҳайси табиби эҳёгар фаъолиятҳои чашмрас кардааст.Чаҳор сол мешавад, ки бо аъзои хонаводааш дар шаҳри зебоманзари Монтреали Канада муқим шудааст. Алон Саидмуҳаммад таҳсили хешро дар риштаи тиб дар коллеҷи дё Мэйзаннӯви Монтреал идома медиҳад.


Мӯсо Суюнов, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Зодаи вилояти Самарқанд. Дастпарвари мактаби миёнаи рақами 53-и шаҳри Душанбе. 

Яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷикистонӣ дар Канада. Отели "Л'Эскапад"-и ишон дар дараи хушманзари Сан-Савёр ҷой гирифтааст, ки он ба тафрегоҳи тоҷиктаборон ва тоҷикистониёни Канада ва Америка табдил ёфтааст. 

Соҳиби 6 фарзанд ва домод. Мӯсо Суюнов - яке аз шахсиятҳои арҷманди ҷамъияти тоҷикони Канада ба шумор мераванд.


Иялоти Онтарио

Манижа Мӯсоева, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Манижа зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон. Давраи туфуллият ва наврасиаш (1992-2012)-ро дар шаҳри Маскави Федерасюни Русия сипарӣ намудааст.

Хатмкунандаи донишгоҳи педагогии шаҳри Маскав аст. 

Муқими шаҳри Торонтои иялоти Онтариои Канада.

Дар яке аз ширкатҳои мӯътабари канадаӣ ба ҳайси менеҷери маркетинг ифои вазифа мекунад.


Диловар Мӯсоев, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Диловар Мӯсоев мутаваллиди шаҳри Душанбеи Тоҷикистон. Дастпарвари мактаби миёнаи рақами 55 шаҳри Душанбе. 

Аз соли 2009 муқими шаҳри Торонтои Канада. 

Яке аз соҳибони ширкати канадаии "Tajik Building Restoration LTD"



Шаҳло Тӯйчиева, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Шаҳло-хонум соли 1971 дар шахри Душанбе дар оилаи рушанфикрон ба дунё омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаро дар Душанбе хатм намудааст. Дастпарвари донишкадаи политехники шахри Тошаканд. Пас аз итмоми донишкада ба Душанбе баргашта, кор ва фаъолиятро дар сохаи тичорат идома додааст. Киблагохашон - Муллоёр Туйчиев, модари  Шаҳло-хонум Нарзиой Туйчиева мебошанд. Дар таърихи чомеаи точикони Канада Шаҳло-хонум аввалин сохиби тарабхонаи "Тоҷикистон" ба шумор мераванд.  Шаҳло-хонум сохиби ду фарзанд - писар ва духтар мебошанд. Хар ду дар мактаби миёна дар шахри Торонтои Канада тахсил мекунанд.

Муҳаммад Форуқ Аҳмадӣ, Муовини раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада

Азизи ҷамъияти тоҷикони Канада Муҳаммад Форуқи Аҳмадӣ зодаи шаҳри Кобули Афғонистон. Даруси ибтидоӣ ва олиро  дар лисаи Нодирияи Кобул ба поён расонида, баъдан шомили донишгоҳи тиббии Кобул шуда, баъди хатми он ба ҳайси дуктури тиб (ортопедӣ) дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Кобул ифои вазифа намуда, дар солҳои 1992-2002 дар Покистон шурӯъи муҳоҷиратро сипарӣ намуда,дар як шифохонаи шахсӣ кор мекард. Солҳои 2002-2010 дар вазорати сиҳати Афғонистон ифои вазифа намуда, дар соли 2011 ба ҳайси муҳоҷир ба шаҳри Торонтои Канада иродат намуда, дар ширкати фармасевтикии Biopharma Service Inc. вазифа иҷро менамояд. 


Аброр Қаҳҳоров, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Дуктури улуми иқтисодӣ, профессор Аброр Қаҳҳоров зодаи шаҳри Ҷамбули Қазоқистон. Падаркалони Аброр Қаҳҳоров аз тариқи падарӣ Калонхоҷа Эшонхӯҷаев ва модаркалонашон Саодатпошшо Эшонхӯҷаева аз Истаравшани бостонӣ мебошанд, тарафи модариашон аз деҳаи Алмос ҳамсоядеҳи Чусти Фарғона. Дар давраи туфуллият ишон аз падару модар маҳрум монда, дар ятимхонаҳо ба воя расидааст. Дастпарвари донишкадаи политехникии Осиёи Миёна, муҳандиси маъданҳои кӯҳӣ. Дар вазифаи раиси кулли истихроҷи тилло дар Ӯзбекистон, лауреати мукофоти давлатии СССР. Яке аз чанд мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ оид ба истихроҷи тилло, гули сари сабади ҷомеаи тоҷики Канада.


Иялоти Пенсилвания, ИМА

Аҳмадиён, Ҳаким Раббимпур, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеа

Ҳакимҷон Аҳмадиён аз аъзои ифтихории ҷамъияти тоҷикони Канада ва ИМА, гули сари сабади диаспораи моанд. Ҳамеша аз шаҳри Филаделфиё бо мо дар тамосанд ва ғами ин миллатро мехӯранд. Ишон зодаи Самарқанди бостонӣ, дастпарвари донишкадаи меъморӣ ва сохтмонии шаҳри Самарқанд буда, ихтисосашон муҳандиси сохтмон ҳаст. Яке аз муассисони ҷумбиши миллии тоҷикони Ӯзбекистон дар авохири солҳои 80 то кунун. 

Чандин солҳост, ки Ҳакимҷон бо оилаашон ва фарзандашон Ҷамшед дар шаҳри Филаделфиёи Америка зиндагӣ мекунанд.


Равшан Темуриён, Бунёдгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада

Зодаи шаҳри Душанбе. Рӯзноманигор, таҳлилгари сиёсӣ, мутарҷим, публитсист. Дар солҳои гуногун дар радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон, радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ фаъолият доштааст. Бо аҳли хонаводааш ва ду фарзандаш аз соли 1999 дар Канада зиндагӣ ихтиёр кардааст.

Асосгузори нахустин ҷамъияти тоҷикони Канада (2005). Раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада (2005-2012, 2014 то имрӯз).




Copyright © 2008 - 09 Ҳамаи ҳуқуқҳои муаллиф маҳфуз гаштаанд. 

Истифода аз маводи сомонаи мазкур ҳатман бо иҷозати Žомеаи 
Тоҷикони Канада бояд сурат гирад.  

Тоҷикони Канада

Нишони расмии Ҷомеаи тоҷикони Канада

Make a free website with Yola