Farangis in Montreal

March 30, 2017

Оҳангсоз Фарангис Нурулло-Хоҷа

Дар бинои консерваторияи Иттиҳоди оҳангсозони Квебек ва Монтреали Конодо нахуст иҷрои асари оҳангсози машхури тоҷиктабори Конодо, узви Шӯрои раҳбарии ҷамьияти тоҷикони Конодо Фарангис Нурулло-Хоҷа таҳти унвони "На ин ҷову на он ҷо" баргузор гардид.

Асари Фарангисро оркестри симфонии "Turning Point"-и шахри Ванкувер ба ичро расонд.
Асари ӯ зери таьсири муҳоҷирати тӯлонй эҷод шуда, бештар ҳавои носталжй дошта, ташвишҳои рӯзмарраи аҳли ғурбат дар нотҳои асари Фарангис эҳсос мешавад.

Қабл аз нахустиҷрои асари ҷадид, Фарангис ба саволҳои барандаи консарт ба забони равони фаронсавй посух гуфта, аз мухлисони сершумори конодой изҳори сипос намуд.
Бунёдгузор ва лидери ҷомеаи тоҷикони Конодо Равшани Темуриён ва хонаводаи тоҷикони шаҳри Монтреал Фарангисро бо нахустиҷрои асараш табрик гуфта, ба ӯ гулу гулдастаҳо тақдим намуданд.

 

Welcome to Canada, Sadriddin!

March 30, 2017
Хуш омадӣ ба мулки ғарибони тоҷикам, Садриддини азизи дилҳо!

(Дар ҳошияи сафари ҳунарии Садриддинҷон ба Конодо)

Мо ҳамин қадар майда шудем, аз дидори ҳамдигар дур мондем. 

Мо ҳамин қадар бе меҳр шудем, ки дар мулки ғарибон майда шудем. Ту омадиву мо зинда шудем. 

Дар 150 сол фақа...


Continue reading...
 

Fort McMurray: Our hearts are with you...

March 30, 2017

Ҳамватанони азиз, тоҷиктаборони Конодо!

Сӯхторҳои даҳшатнок дар шаҳри Форт МкМӯррӣ ба фоҷиаи инсонӣ мубаддал гаштанд. Мавҷи сӯхторҳо манзилу идораву корхонаву биноҳои ҷамъиятиро ба хокистар табдил дода истодааст. Ҳукумати Олберто мегӯяд, 88 ҳазор мардум шаҳри Форт МкМӯр...


Continue reading...
 

Make a free website with Yola