Дидори сарвазири Канада бо лидери чомеаи точикон

September 17, 2010


 Сарвазири давлати Канада Стивен Ҳарпер дар ҷараёни мулоқоташ бо раҳбарияти ҷомеаҳои гуногуни Канада ва тарафдорони ҳизби ҳукмрони Консервативии Канада бо узви Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд», раиси Анҷумани тоҷикони Канада Равшани Темуриён дар Hilton Hotel, шаҳри Монреал дидор ва сӯҳбати мухтасаре дошт.

Ҷаноби Р.Темуриён дуруду эҳтиромоти раҳбарияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ва Анҷумани тоҷикони Канадаро ба ҷаноби С.Ҳарпер тақдим дошт.

Сарвазири Канада ҷаноби С.Ҳарпер аз саҳми тоҷиктаборони Канада дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи сермиллати кишвар изҳори сипос намуда, саломи самими хешро ба унвонии тоҷикони дунё ва ҷомеаи тоҷики Канада ирсол дошт. Ӯ ҳамчунин аз дастгирии тоҷиктаборони Канада аз ҳизби Консервативӣ ва ҳукуматаш изҳори миннадорӣ намуд.

Сипас Сарвазири Канада С.Ҳарпер ба раҳбари ҷомеаи тоҷики Канада Р.Темуриён изҳор намуд, ки эшон дар назар доранд ҷаноби Р.Темуриёнро барои мулоқоти рӯ ба ӯ ба дафтари Сарвазири давлати Канада даъват намоянд.

Қаблан узви Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ва раиси Анҷумани тоҷикони Канада Р. Темуриён бо вазири корҳои хориҷии Канада Максим Бернье, вазири наклиёти Канада Майкл Фортие ва номзад ба узви парламони Канада аз ҳизби Консерватии ин кишвар Морис Броссард мулоқот ва гуфтугӯҳо дошт.

Амир Ҳусайн Темурӣ ,

хабарнигори торнамо

 

Дидор дар Ню Йорк

September 17, 2010

 Дар шаҳри Ню- Йорк президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон олими шинохтаи тоҷик Акбари Турсонро ба ҳузур пазируфт. 

Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбари Турсон, ки чандин сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар То...

Continue reading...
 

Фарде, ки то магзи устухон низомй буд...

September 17, 2010

Равшани Темуриён | Монреал, Канада                                                                                                                            

«Барои ин миллат мурдан лозим аст, то туро хамчун азиз ном баранд»

(Иктибос аз банда, маънй аз бузургон)

Шахсе, ки касби аскариро пеша мекунад, хамеша бояд тобеъи ойинномаи ...


Continue reading...
 

Make a free website with Yola