Paymona lives with us in memory and will for evermore

March 29, 2018

Паймона Ҳамдамова: Ёдбуди фарзанди азизи ин миллат дар Конодо

Имрӯз 40 рӯз сипарӣ мешавад, ки Паймона-бону дар миёни мо нест. Эҳсосоти хилват, холигоҳӣ, рӯҳафтодагӣ ҳанӯз ҳам фазои аҳли муҳоҷирати тоҷики Конодоро фарогир аст. Даргузашти нахустин тоҷики Тоҷикистон дар торихи 150-солагии Конодо ҳамаи аҳли Ҷомеъаи тоҷикони Конодоро дардманд ва дилшикаста намудааст. Имрӯз дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Маскав, Санкт-Петерсбург ва Монтреал ҷамъомадҳои ёдбуди Паймона-бону баргузор мешаванд.
Ӯ 38 сол дошт, ҳафт сол қабл бо умеду орзуҳои ширин бо ҷигарбандонаш ва ҳамсараш вориди Конодо шуд. Дар муддати кӯтоҳ миёни аҳли муҳоҷират обрӯ ва манзалати хешро пайдо намуд. Дар муҳоҷират бо муваффақ буд, аз маҳбубияти хоси ҳамаи мардуми мо бархӯрдор буд. Дар Ҷомеъаи тоҷикони Конодо масъули бахши фарҳангӣ ва узви Шӯрои раҳбарии ин созмон буд. Паймона-бону чунон хоксор буд, ки бо истеъдоди табиӣ, дониши фароҳ, тафаккури расову миллӣ, ва ватанпарастиву масъулиятшиносӣ эҳсосе надошт, ки метавонист дар Ватанаш вазири бомуваффақи фарҳанг ё омори кишвараш бошад. Чунин фарзандони азизи миллат дар байни Ҷомеъаи тоҷикони Конодо зиёданд...
Дар рӯзи ёдбуди ин азиз аз ҳамаи шумоёни гиромӣ хоҳиш менамоем ба рӯҳи поки хоҳари дилсӯзи Ватан ва ғарибамон дуову ниёиш намоед. Дӯстоне, ки хоҳиш доранд дар рӯзи ёдбуди Паймона-бону гул тақдим намоянд, аз ишон мӯҳтарамона тақозо менамоем, ононро ба унвонии Анҷумани мубориза алайҳи бемории саратон дар Конодо ва созмонҳои мазбур дар маҳалҳояшон ирсол намоянд.
Инсони воқеан поку бе олоишу бе озору меҳанпарасте, ки ҳамеша ёдаш Ватану наздиконаш буд, Паймона-бонуи азиз.
Рӯҳи покат шод, ёди нозанинат гиромӣ ва номат ҳамеша дар қалбҳои мо!

Бо эҳтиром,
Равшани Темуриён

Бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеъаи тоҷикони Конодо

 

Paymona Hamdamova: Always in our hearts

March 29, 2018

Аз Ҷомеаи тоҷикони Канада

Бо ҷаҳони сипос аз ҳамаи азизон, дӯстон ва мардуме, ки дар ин рӯзҳои хеле вазнин бо хонаводаи бону Паймона Ҳамдамова ва ҷамъияти мо буданд, дар маросими видоъ, намози ҷаноза дар Маркази Исломии Квебек дар шаҳри Монтреал ва маросими хоксупории бон...

Continue reading...
 

Maxime Bernie with communities in Laval

March 29, 2018

Шом бо сарвазири ояндаи Конодо

Шоми хубе буд.
Бо мӯҳтарам ҷаноби Максим Берние аз соли 2006 шинос ҳастем. Ба мо, ҷомеаи тоҷикон бисёр меҳрубонй намуда, дар маснади вазири умури хориҷаи Конодо нахустин маротиба дар тӯли торихи 170-солаи давлати Конодо аҳли муҳоҷирати тоҷикро р...

Continue reading...
 

Make a free website with Yola