Thank you, Mr. President!

August 28, 2014

 Ravshan Temourian | Montreal, Canada 

Thank you, Mr. President!

Хушбахттарин президент: Михеил Саакашвили

Президенти Гурҷистон воқеан хушбахт аст. Ду давраи риёсати ҷумҳурии Гурҷистонро паси сар намуда, аз қасри Президенти Гурҷистон ашёву чизҳои шахсиашро ба хонаи оилавиаш, макони оддии шаҳрвандӣ баргашт. Ӯ аз мардумаш шарм намедорад, пинҳон ҳам намешавад, зеро дузд нест, мутаҳҳам нест. Дар 10 сол кореро анҷом дод, ки баъзеҳо дар 21 сол ба сомон расонда наметавонанд ва боз на мардуми худро, балки оилаи худро ба "буксир" мекашанду аз мардуми гастербайтершудаи хеш шарму ҳаё ҳам надоранд. Нафси болову поинии ин тоифа миллатро бадбахт кардааст. 

Президент Саакашвили имрӯз хушбахт аст, зеро мардуми кишвараш хушбахтанд. Дар даҳ сол кишваре, ки дар сатҳи Нигериёи Африқо буд, якбора ба дараҷаи Ҳолланду мамолики урупоӣ расид. Дуздиву ришваситонӣ решакан шуда, мардум соҳиби нону кор шудаанд. Касе аз бачаи касе наметарсад. Ҳавои озодӣ ва инсонияту инсоф дар Гурҷистон по барҷост. Президент ҳар рӯз бо мардумаш дар кучаҳо озодона гаштузор мекунад ва аз касе пинҳон намешавад. Дӯсту ҳамкорам Олег Панфилов мегӯяд, ки Президент Саакашвили то ин дараҷа хоксору заминист, ки бо мардуми оддӣ ва поки Гурҷистон дар ресторани сари роҳӣ ҳатто ғизои шомро бо ҳам мебинад, ба ҳарфҳои мардумаш гӯш медиҳад. Дар воқеъ Олег, ки ҳафтаи гузашта аз сафари ватанаш - Тоҷикистон баргашт, пурсидам: "Ҳоли ватан чӣ тур буд?" Гуфт: "Баъд аз Гурҷистон, воқеан даҳшатовар" Пурсидам: "Чаро?" Гуфт: "Кишвар дар ҳоли мурдан аст..."

Мардуми Гурҷистон интихоби хешро кард, аммо мардуми Тоҷикистон бояд ба худ омада, сари интихоби худ андеша ронад....

Ба ҳар ҳол имрӯз рӯзи Президенти мардумӣ Михеил Саакашвилӣ аст. Ба воқеан мӯҳтарам ҷаноби Президенти Гурҷистон миллионҳо маротиба сепосу аҳсант гуфта, мегӯям: " Ҷаноби Президент ба мардуматон ҳасад мебарам, Шумо воқеан Президенти дӯстдоштанистед!"

Thank you, Mr. President! You are loveable president indeed!

* вожаи "президент"-ро дар баробари Президент Саакашвилӣ махсус бо ҳарфи калон навиштаам. 

 

Prime Minister's Canada Day Greeting

August 28, 2014

Today, as we celebrate the 146th anniversary of Confederation, let us declare with glowing hearts that we are first, foremost and always, Canadians.

On behalf of my family, Laureen, Ben and Rachel, and on behalf of the Government of Canada, I wish each and every one of you a very happy Canada Day!

Мо имрӯз 146-умин солгарди Конфедерасиюн (-и давлати Канад...

Continue reading...
 

Mukaddima Ashrafi: Talented daughter of the Great Father

August 28, 2014

Мукаддима Ашрафи: Талантливая дочь Великого отца

                                1936 - 2013

Последний кусочек Бухары, дочь устода Мухтора Ашрафи скончалась в столице Таджикистана.
Она была символом настоящей Бухары, моей, твоей любимой Бухары Саманидов, которая навсегда останется яркой ст...

Continue reading...
 

Make a free website with Yola