Пайвандгари порсигуён, Пири Хуросонзамин дигар бо мо нест

Тамоми худшиносоне, ки дар Самарканд устод, падари бузургвор васлгари точикони Точикистон,Афгонистон ва Узбакистон Мухаммадчон Шукурии Бухороиро медонанд аз даргузашти ишон хеле гамгин ва дилшикаста шуданд.

Устод Шукури вокеан пули байни точикони Точикистон ва Узбакистон буданд. Хар даме, ки мо назди ишон ба Душанбе  барои дидор ё машварате барои халли муаммои точикони Узбакистон мерафтем, хох дар коргохашон бошанд, хох дар хона моро бо мехри падари пешвоз мегирифтанд. Хамеша кушиш мекарданд хаддалимкон барои халли ин ё он муаммои хаммиллатон дасти ёри дароз намоянд. Мо хар вакте ки ба Душанбе мерафтем,  барои устод чун армугон нони Самаркандро мебурдем.. Он кас нонро буса карда, ашкхояшон равон мешуд ва мегуфтанд, ки кучост хамин нони гарме, ки хар субх дар Ватанам мехурдам (манзурашон дар дил мехостанд Бухорою-Самарканд мадоини точикон бошад).

Хизмати Устод барои худшиносии точикони Узбакистон ва умуман Фароруд нихоят бузург аст.

Мактуби саркушодаи устод Шакурй ба президенти Иттиходи Шуравии собик Михаил Горбачёв дар робита ба халли мушкилоти точикони Узбакистон, маколахо дар матбуот, китобхои «Хуросон аст, ин чо», «Хар сухан чоеву, хар нукта маконе дорад», «Сарнавишти форсии точикии Фароруд дар садаи бист», маколахо дар бораи чараёни пантуркизм ва асароти он ба точикон ва чандеи дигар хар яке арзандааст чун шохасари ишон номбар шаванд. Дар хама замонхо точикон аз нобигагони хеш алифбои худшиноси меомухтанд. Фидоиён ва миллатдустони точики Узбакистон аз навиштахои устоди фарзона дарси худшиносиро омухтанд. Олими фархехта хатари чараёни пантуризмро дар замони гузашта ва муосир ба хама гушрас намуданд. Аммо аксаран хатари мазкур нодида гирифта мешуд.

Дар ёдамон хаст, ки дар соли 1991 яке аз ммуаллифони ин сатрхо бо профессор М.Мирсаидов барои халли мушкилоти точикони Узбакистон ба назди Сафаралй Кенчаев, рахбари вакти парламони Точикистон  даромадем. С.Кенчаев гуфтанд, ки макомоти Точикистон ба кори точикони Узбакистон дахолат карда  наметавонанд.

«Мо имконият надорем, ки шуморо  дастгири кунем. Узбакистон метавонад ба мо фишор оварад ва роххои вурудиамонро бубандад», - изхор дошт раиси вакти парламони Точикистон.

Хини сухан аз чараёни хатарзойи пантуркизм огоз шуд, Сафаралй Кечаев ба мо хитоб карданд:

«Як дакика, ин масъалаи пантуркизмро як су гузоред, ин аслан бофтаи падари «Растохез» Мухаммадчон Шакурй мебошад» (Кенчаев дарвокеъ дуруст мегуфт: устод Шакурй падари чумбиши «Растохез» ба шумор мераванд - муаллифон).

«Аслан пантуркизм вучуд надорад», - чамбаст намуд Сафаралй Кенчаев.

Ин буд дарачаи худшиносии яке аз рахбарони давлати вакти Точикистон нисбат ба хаммиллатони бурунмарзии хеш.

Хамон замон аз ин навъ рахбар, баъзе олимон, шоирон, рузноманигорон ва ашхоси алохида ибрат гирифта, дар хакки устод ва фарзандони ишон  дар матбуоти давр бухтону суханони кабех пахн мекарданд.

Падар ва хар се фарзанди устоди фурумояро точикони Узбакистон хуб мешиносанд ва аз хидматхои ишон кадрдони мекунанд. Хар сафаре, мо ва дустонамон ба Маскав мерафтем хар се чигарбанди устод Шакурй дасти мадад ба точикони бурунмарзй мерасонданд. Бояд ёдовар шуд, ки бо шарофати чонсузи дигари точикони бурунмарзй, доктор Сафар Абдуллох мо бо ин шахсони муътабар ошнойи пайдо кардем.

Хар сафаре, ки устод Шакурй ба Самарканд меомаданд, барои мо чашн буд. Суханронихои пургухари устоди фархехта дар  бораи инсонигари, фидокори, ифтихори миллй ба хар яке аз хаммиллатони бурунмарзй дарси бузурги худшиносй ба хисоб мераванд.

Аз хукумати хозираи Точикистон эхтиромона хохиш менамудем, ки барои поси хотири ин абармарди миллат шахр, нохия ё хиёбонеро ба номи устод Мухаммадчон Шакурии Бухорои номгузоринамоянд. Насихат ва такозои охирини устоди нобига ин буд, ки Бунёди  «Эхёи  хати  форси»  ташкил карда шавад. Ва аз руи инсон мебуд агар  ин Бунёд ба  номи  Мухаммадчон Шакурии Бухорои  гузошта шавад.

Дарего, ки устоди миллат моро тарк гуфтанд.

Ёдашон ба хайр, рухашон шод, оромгохашон хамеша пурнур бод.                  


Хаким Ахмадиён, 

Амина Шарофиддинова,

Азиза Юсуфй, 

Филоделфиё - Самарканд

10 октябри соли 2012