Michel Dugas| Quebec Soccer

ТОЧИКПИСАРЕ СИТОРАИ ФУТБОЛИ КАНАДА 

Хушанги Нуралй футболбози бехтарини тими "Ланодиер"-и Квебек ва Канада ба Тими миллии давлати Канада пазируфта шуд.

Hoshang Noor-Ali | CS Lanaudière-Centre

An article about Hoshang in Persian:

http://tajikscanada.yolasite.com/newsblog/hoshang-noor-ali-is-a-member-of-national-team-of-canada

Хушанги Нуралй, фарзанди хурдии устод Дустмухаммади Нурали, Муовини аввали раиси Чомеаи точикони Канада дафъаи чандум футболбози бехтарини иялоти Квебек ва Канада миёни чавонони то 17-сола эълон шуд. Ахиран нашрияи бонуфузи фаронсавизабони Канада Quebec Soccer ниммухофизатгари чавони тими бехтарини лигаи олии Квебек CS Lanaudiere-Centre футболбози бехтарини сол эълон кард. Рахбарияти Тими миллии Канада Хушанги Нуралй, ифтихори чомеаи точикони Канадаро ба дастаи миллии давлати Канада расман даъват кардааст.

 

Мо аз Хушанг пурсидем, ки агар уро ба тими миллии Точикистон даъват кунанд, чй посухе хохад дод, у гуфт, даъвати тими миллии Точикистонро ба хушй хохад пазируфт. Ёдовар мешавем, ки Хушанги Нуралй 1-ми январи соли 1994 дар шахри Душанбеи Точикистон ба дунё омадааст ва дар синни чор солагй хамрохи хонаводааш  ба Канада хичрат намудааст ва аз руи регламенти ФИФА хак дорад барои тими миллии чумхурии Точикистон хунарнамои кунад.

Чомеаи точикони Канада Хушанги Нуралиро бо дарёфти унвони футболбози бехтарини чавонони Канада ва узвият дар тими милли кишварамон - Канадаро самимона табрику тахният гуфта, барояш фатхи куллахои нав ба навро таманно дорад.

Мо, хама, точиктаборон дар катори кулли чомеаи сермиллати Канада аз комёбии Хушангчон ба вачд омада, бо ин ситораи ояндаи рахшони футболи Канада ифтихор мекунем.

Матни аслии як сахифаинаи нашрияи Quebec Soccer бароятон дар поён дар шакли PDF пешкаш мегардад. 

 http://www.youtube.com/watch?v=zsYt_PKkN_A
 
 http://www.youtube.com/watch?v=G_EDSUuJZTM