Ахли Мухочирати Канада | хабарнигори махсус, Монреаль
 Шахло Туйчиева: «Тарабхонаи «Точикистон» дар Канада мухити точикй дорад»

Худуди як сол аст, ки чомеаи точикони Канада сохиби тарабхонаи худ шуданд. Узви чомеаи мо, хамшираи азизи мо Шахло-хонум аслан зодаи шахри Душанбе буда, баъди шаш соли такопухо дар Канада ресторани «Точикистон»-ро боз намуда, симои мардуми точик ва Точикистонро дар ин кишвари сермиллат ба маърази намоиш гузоштанд. Чанде пеш хабарнигори мо ба шахри Торонто сафар намуда, як сар ба тарабхонаи «Точикистон» зад. Гайричашмдошт, он чо дустони точики мо Марианна Орифова, духтари хунарпешаи машхури точик Марат Орифов ва набераи хунарманди овозадори Точикистон Тухфа Фозилова ва гурухи чавонони точиктабор бо сохиби ресторан Шахло -хонум Туйчиева ва кормнадони ишон моро гарму чушон – точикона истикбол карданд.

- Шахлочон, чй тавр шуд, ки дар Канада муким шудед? Дар бораи худатон ва ахли хонаводаатон маълумот медодед

15 феврали соли 1971 дар пойтахти азизамон шахри Душанбе дар оилаи рушанфикрон чашм ба олами хасти гушодам. Соли 1988 мактаби миёнаро бо муваффакият хатм намуда, хуччатхоямро ба Донишкадаи политехники шахри Тошаканд супоридам. Пас аз итмоми донишкада дар шахри Тошканд бо розигии падару модарам оила барпо намуда, кор ва фаъолиятро шуруъ намудам. Киблагохи азизам - Муллоёр Туйчиев 43 соли умри бобаракати худро сарфи хизмат ба Ватан карданд. Модарам Нарзиой Туйчиева 36 сол дар сохаи хочагии коммунали ифои вазифа намудаанд. Хизматхои шоистаи модарам аз тарафи Хукумати Точикистон бо ордени Дустии Халкхо кадр карда шудааст. Холо волидонам нафакахур буда, айёми пирии худро дар халкаи пайвандон мегузаронанд. Ду бародар ва ду хохар дорам, ки дар Точикистон умр ба сар мебаранд. Писарам ва духтарам дар мактаби миёна дар шахри Торонтои Канада тахсил мекунанд.

Бо сарнавишти такдир тайи солхои ахир дар каламрави чумхурии Узбекистон зиндаги ихтиёр кардем, аммо ба иллати махдудияти истифодаи забони модариамон (точики) дар он чо ва ба хотири ояндаи фарзандонамон ва рушди хамачонибаи онон ба Канада мухочират намудем.

- Идеяи боз кардани ресторани «Точикистон»-ро чй тавр дар Шумо пайдо шуд?

Аз овони кудаки шавку хаваси ман нисбат ба сохибкорй хеле зиёд буд. Ин буд, ки баъди хатми донишкада дар Тошканд ба сохибкорй ру овардам. Аз рузхои аввали дар Канада муким шуданам фикри огози бизнеси шахси маро ором намегузошт. Чун ба аёдати хешовандон ба кишвари азизам омадам маро пешравихои солхои охири даврони сохибистиклолии Тољикистон хеле хам ба вачд овард. Дидани ин манзарахо ба кас як неруи нав мебахшад. Ба худ максад гузоштам, ки баъди баргаштан аз Тољикистони азиз фурушгох ё ошхонае дар Канада гушода, хостам урфу одат, расму русум ва мехмоннавозии мардуми точикро ба мардуми сермиллати Канада муаррифй намоям.

-  Шумо аввалин сохибкорзани точик хастед, ки дар шахри бузургтарини Канада ресторани миллии точиконро идора мекунед. Сохибкорй ва хоса бизнеси ресторан дар Канада осон набудагист?

Сохибкори дар Канада нисбат ба Узбекистон хеле мушкил мебошад. Хоса бизнеси ресторан аз он хам мушкилтар. Масъулиятхо ин чо хеле зиёданд.

- Чй таомхои миллй ва гайримиллии точикй дар «Точикистон»-и Канада ба мехмонони хеш пешниход доред?

Ба мизочон мо хурокхои хархелаи точики аз он чумла: оши палов, манту, хомшурбо, самбуса, нони гарми точики ва хурокхои гайримилли - лагмони уйгури, бешбармаки казоки ва дигар таомхои урупоиро пешниход мекунем.

- Мизочони Шумо аксаран кадом таомхоро хуш доранд ва бештар кадоми онхоро фармоиш медиханд?

- Барои муштариёни канадаии мо бештар оши палов, манту, самбусаи варакии точикиро писанд омадааст...

- Чомеаи точик ва русзабони Торонто Шуморо дастгирй мекунанд?

Дар Торонто тољикон нисбати дигар миллатхо кам буда, афгонхову эрониён ва русзабонони собик чумхурихои шурави бештаранд. Маро дар амали гардидани орзуи деринаам бештар ин мардум ёри расонданд.

- Чй фикр доред, ресторани «Точикистон» мавкеи худро дар миёни хазорон тарабхонаву бизнесхои гуногунмиллии Торонто пайдо кардааст?

- Ба гумонам тарабхонаи «Точикистон» дар миёни хазорон тарабхонахову бизнесхои гуногунмиллии Торонто мавкеъи худро пайдо кардааст. Мо мизочони доимии худро дорем. Чун халкиятхои гуногун дар ин чо сукунат менамоянд бо дидани тарабхонаи мо хатман вориди он мегарданд. Муштариёни «Точикистон» аз тарики мухите, ки дар тарабхона фарохам оварда шудааст, дар бораи таърих, фарханг, санъат, ичтимоиёти Точикистон каме хам бошад, маълумот пайдо мекунанд.

 Аз назари сохибкори точик, ба чомеаи мо чй корхоро анчом додан лозим аст, ки то мавкеъи хешро дар миёни чомеахои миллии Торонто ва Канада пайдо намояд?

- Аз назари ман хамчун як сохибкори точик чомеаи моро лозим аст, ки хамкадами замон бошад. Чавонон бояд барои аз худ кардани илмхои муосир чидду чахд кунанд, донистани чанд забони дигар дар ин замон ба манфиати кор аст. Бехуда нагуфтаанд, ки «Забон дони- чахон дони». Калонсолон бояд вазифахои худро аз руи вичдон адо намоянд, то ки чавонхо аз онхо дарси ибрат омузанд. Хеч гох набояд фаромуш кард, ки маънии вожаи «точик» - точдор хаст ва мо - точикон бояд хамеша кушиш кунем, ки обруи точик ва Точикистонро дар арсаи байналмиллали боз хам баланд бардорем.

 Чй орзу ва гуфтание доред барои точиктаборони Канада ва хонандагони сомонаи мо?

- Ба хамаатон хушихои зиндаги ва дар кору боратон бурдборихо хохонам. Худои муттаол ёвару нигахдорандаи мову Шумоён бод! Шоири форсу точик Саъдии Шерозй хеле ба чо гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигард

Ки дар офариниш зи як гавхаранд

Чу узве ба дард оварад рузгор

Дигар узвхоро намонад карор.

-  Вокеан, мо точиктаборони Канада бо Шумо ифтихор мекунем. Харфиасосй ин аст, ки номи Шумо чун нахустин барпокунандаи ресторани точикй дар сарзамини Канада дар таърихи мухочирати мардуми точик сабт гардидааст. Хамеша саломат ва дар сохибкорй муваффак бошед. Барори кор ва монда набошед!

- Ташаккур аз Шумо хам, ки моро сурог намудед. Эхтиромоти моро бипазиред.

Монреаль – Торонто – Монреал

Welcome to Tajik Restaurant in Toronto