Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Профессор Саъдинисо Ҳакимова-«Шерзани бешаи хамўшон»

Хонум Саъдинисо Хафизовна Ҳакимова дар бораи хеш сухан гуфтанро дўст надоранд. Вакте ки бо ишон ҳамсўҳбат мешавед, фақат дар бораи дардхои миллӣ, иљтимоӣ ва соҳаи тандурустӣ, мушкилоти имрўзи он ва роҳҳои ҳаллу фасли қазия ҳарф мезананд.

Шояд андак аз ҳамватанони азизамон медонанд, ки муаллима Саъдинисо шахсияти фарҳехта, олим ва мутахассиси барҷастаи соҳаи тибб, пизишки ҳозиқи соҳаи зоимон (акушерство) ва бемориҳои амрози занона (гинекология) нахустин доктори илмҳои тибб аз байни тоҷикон ва ягона табиб-хонум узви вобастаи Фарҳангистони улуми пизишкии Иттиҳоди Шўравӣ (ҳоло Федератсиони Руси) аз байни хонумҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.

Бистуми декабри соли равон Саъдинисо Ҳакимова умри бобаракати ҳаштоду ҳафт солагиро пушти сар карда, ба синни мубораки ҳаштоду ҳашт қадам мегузоранд.

Кам касоне медонанд, ки муаллима Саъдинисо Њакимова чун академик Андрей Сахаров аз минбари парламон ошкоро сиёсати наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҳизби коммунистиро фош кардаанд. Дертар дарду фиғони миллати хешро дар китоби маъруфи «Гаравгонҳои императорӣ» («Заложники империи», 1997) бо далел ва санадҳои раднашаванда нашр намудаанд

Кам касоне огоҳанд, ки профессор С. Њакимова бунёдгузори Пажўҳишгохи ҳифзи модару кўдак дар кишвари Тоҷикистон мебошанд. Саъдинисо Ҳакимова барои ҳифзи саломатии ҳар модар ва кўдаки точик дар дафтари кории мақомоти баландпояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ, Шўрои Вазирон дар Маскав ва КМ ҲК Тоҷикистон дар Душанбе ҷонбозиҳо кардаанд.

Кам касоне хабар доранд, ки дар солҳои ҷанги ҷањонии дуввум даҳҳо ҳазор мардуми олмонитабори (немис) ба Вахшонзамин мухочир шударо маҳз Саъдинисо Ҳакимова бо ҷасорати дар он давру замон боварнокарданӣ ва диданашаванда аз маргу мири оммавӣ, наҷот додаанд.

Ва кам касоне хастанд, ки…

Ин нукоти барҷастаро метавон соатҳо ба забон овард, зеро зиндагӣ ва фаъолияти инсонӣ ва миллии Саъдинисо Ҳакимова он кадар ғанй ва пурбор аст, ки онро дар як мақола гунҷонидан ё ривоят кардан душвор мебошад. Корномаи ин зани ҷасур ва донишманд аз солхои чиҳилуми асри гузашта шурўъ шуда, то ба рўзхои мо идома дорад. Барои ин ки хонандаи мўҳтарам бандаро ба муболиғапардозї гумонбар накунад, мисоли дирузаи матбуоти чањониро оид ба хаводиси заминларзаи даҳшатбори Япония (Жопун) пеш меорам. Миёни ин анбўҳи хабар, мақолаву мусоҳибаи хабаргузориҳои Жопун, Ўзбакистон, Русия ва матбуоти англисзабони дунё (ва дар ниҳоят Тоҷикистони азизи мо) гуфтугўи аз ҳама боарзиш бо олим ва муҳандиси муқими Жопун Ғайрат Икромов буд, ки дастгоҳ-радареро барои наҷоти мардуми офатзада дар ҳаводиси фавқуллодаи табиӣ, заминларза ва обхезӣ ихтироъ намудааст. Жопун-кишварест, ки беҳтарин техникаи дунёро дорад ва ихтироъи таҷҳизоти нав низ моли онҳост, вале маҳз ҳамин жопуниҳо таҷҳизоти Ғайрат Икромовро беҳтарин дар дунё тавсиф намуданд ва беш аз нисфи нерўҳои ковишгари заминларзаи кишварро бо радари наҷотбахши Ғайрат Икромов муҷаҳҳаз кардаанд. Вазорати вазъи фавқулоддаи Русия дар як озмун ин ихтироъи Ғайрат Икромовро бо медали тилло сарафроз гардонидааст…

Ғайрат Икромов писари фарзанди чигарбанд, яъне набераи Саъдинисо Хакимова ба шумор меравад, яъне насли дуввуми хонаводаи Саъдинисо Ҳакимова мебошад. Падари Ғайрат, писари ягонаи муаллима Ҳакимова професссори хидматнишондодаи Донишгоҳи Маскав ба номи Ломоносов- Ҳакимҷон Икромов ҳар сол барои тадриси донишҷўён ба Донишгоҳҳои Канада даъват мешаванд ва ташрифи ишон ба ин сарзамин ҳаёти камранги аҳли муҳочирати моро рўшанӣ ва сафо мебахшад.

Духтари ягонаашон Дилбар-пианонавози машхури миллат бештари ҳаёташро дар Эрон сипарӣ мекунад. Шогирдони Дилбар дар беҳтарин саҳнаҳои Урупо ва Америка ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ва боз як далели ҷолиб: кишвари Канадаро аввалин точике, ки тасхир кард, муаллима Саъдинисо Ҳакимова буданд, ки соли 1958 ба ин сарзамини дурдаст, вале сарсабзу ҷангалзорро ба мо, муҳоҷирони солњои 90-ум кашф карданд. Иёлати Бритиш Колумбияи Канада ва табиати зебои он муаллимаро ҳамеша мафтун месохт. Вакте ки чанд сол пеш баъди боздидҳо барои худоҳофизӣ ба хонаашон муроҷиат кардам, ишон гуфтанд:

- Писарам, дуруду ишқи маро ба Канадаи афсонавӣ ҳадя бинамоед!

Пурсидам:

- Чаро ҳамон замон дар Канада зиндагӣ ихтиёр накардед?

Гуфтанд:

- Ошиқи миллати хешам. Мехостам ба модар ва фарзандони ояндаи тоҷик хидмат кунам, аз балоҳо эмин нигаҳ дорам ва шукуфоии насли солими миллатро бинам…

Ҷашнҳои ҳафтодупанҷ, ҳаштод, ва ҳаштодупанҷсолагии Саъдинисо Ҳакимоваро миллати тоҷик таҷлил накард, зеро на кору пайкори ин шерзан, на усули зиндагӣ ва зиндагинома ва на миқёси ҷаҳониву ҷуғрофиёиаш ба мазоқи давлатдорони феълӣ хушоянд нест. Умуман вуҷуди профессор Саъдинисо Ҳафизовнаро дар Тоҷикистон нодида мегиранд. Аҷаб замонае шудааст, охир, муаллима Ҳакимова барои кӣ ва кадом миллат хидмат кардааст? Ҳамин давлатдорони ҳозира ба шарофату захматхои кадом пизишк ба дунё омада бошанд?!

Ҳамагӣ бист-бисту панҷ сол пеш мутахассисони зиёде аз кишварҳои мутамаддини дунё барои омўхтани таҷоруби илмии ҳифзи модару атфол, роҳҳои табобати бемориҳои амрози занона ба Пажўҳишгоњи ҳифзи модар ва кўдаки Саъдинисо Ҳакимова меомаданд.

Дар замони шуравӣ Тоҷикистон бо Донишгоҳи тиббии ба номи Абўалӣ ибни Сино, табобатгоҳи академик Мансуров ва Пажўҳишгоҳи ҳифзи модару атфоли профессор С. Ҳакимова на фақат дар қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ, балки дар дунё машҳур буданд.

Ду фарзанди бузурги миллат ин ҳукуматро ҳанўз аз сонияҳои аввали бар сари қудрат омаданаш шинохта буданд: яке устод Сотими Улуғзода, ки дар занбар ба ҳавопаймои Маскав нишонда ба он ҷо бурданд ва дуввумӣ, муаллима Саъдинисо Ҳакимова, ки ба ҳавопаймои Эрон нишастанд. Маълум аст, ки ҳукуматдорон ин иқдоми эътирозомези муаллима Ҳакимоваро ҳанўз фаромўш накардаанд...

Худашон яқинан эҳсос мекунанд, вақте ки мафҳуми «интеллигент»- «рўшанфикр» дар ин бист соли охир миёни мардум тобиши манфӣ, маънои «балегўяк» ва лаганбардори ҳокимонро дар бар гирифтааст, дар бораи кадом арзишҳо метавон ҳарф зад?!

Барои муаллима ҳамаи ин нодидагириҳо ва ҳарфҳои пасту баланди мухталиф аҳамияте надоранд. Барои профессор Ҳакимова оянда ва тарбияи насли наврас муҳим аст. Ишон дарк мекунанд,  насли наврас, ки нуфуси беш аз ними аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ин марҳила ба чиҳо ниёз дорад. Профессор Ҳакимова ба гуфтахои алломаи ҷовид Рўзбеҳ (Ибни Муқаффаъ): «бо адаб дилҳо обод мешавад ва бо дониш орзуҳо устувор мемонад» имон доранд.

Фарзанди баруманди миллат Саъдинисо Ҳакимова дар чунин синну соли пурбаракат қалам ба даст гирифта, барои насли наврас ва ояндаи миллат китоби навбатиашон «Илми ахлоқ ва одоб»-ро эҷод кардаанд. Муаллима яқинан медонанд, ки ҳамин насли ҷавон ояндаи дурахшонеро барои давлатдории мустаҳкаму воқеии Тоҷикистони на чандон дур хоҳанд овард.

Саъдинисо Ҳакимова доимо сарбаланд аст, зеро назди мақому соҳибмансабе сар хам накарда ва дар зиндагӣ бо заҳмат номи нек, обрў ва нони поку ҳалол ба даст овардааст.