Паёми табрикии Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер дар Рузи Канада

Дурудхо ба Шумо, хамватанони азиз!

Инак, 144 сол аст, ки сэр Ҷон А. Макдоналд ва сэр Ҷорҷ Этиен Картие, ду давлатмадори бузурги хамаи давру замонхо кулли канадиёнро ба як конфедератсия ба хам оварданд. 

Онхо ба солхои оянда назар духта, тасаввур намуда буданд, ки чи тавр ин кишвари бехтарини чахонро эъмор месозанд. Бубинед, чи кадар тахаёли онхо ганиву рангоранг будааст. Натичаи сулх, субот ва хукмдории хуб, ки онхо дар Қонуни Асосӣ ворид сохтаанд, хамон Канадаеро ба вучуд оварданд, ки мо алон медонем ва дусташ дорем: Ин Канадаи кавии мост.

Канада давлате мебошад, ки дар чахон чун шарики баэътимод арч мегузоранд. 

Ва Канада ин кадар ганй ва ин кадар пазиранда, ки барои хар фарди миллати боакл, ки озодй ва рузгори хуберо чустучу дорад, ба як ситораи рахнамое табдил ёфтааст.

Мо вокеан бояд шукргузор бошем, ки чунин рузгори бихиштй насибамон гардидааст. 

Ва мо дар ин рузи Канада хеле хам ифтихор дорем, ки шохи оянда Гертсог ва маликаи оянда Гертсог-бонуи Кэмбриджро, ки дар сафари аввалини шохии хеш кишвари моро интихоб кардаанд, пазирой дорем.

Дар ин рузи чашни мамлакат манзалату хуштолеии Канада беш аз хама калбхои моро гармиву осоиш мебахшанд. Вокеан, мо кишвари бехтарини дунёро дорем, ки бунёдгузорони мо онро орзу доштанд.

Аз номи хонаводаи ман, Лоурин, Бен ва Рэйчэл ва аз номи хукумати Канада, мо ба хамаи канадаиён чашни хуши Канадаро таманно дорем.

http://www.youtube.com/watch?v=SDzBVgYy1GY&feature=player_embedded