Паймона Ҳамдамова: Ёдбуди фарзанди азизи ин миллат дар Конодо

Имрӯз 40 рӯз сипарӣ мешавад, ки Паймона-бону дар миёни мо нест. Эҳсосоти хилват, холигоҳӣ, рӯҳафтодагӣ ҳанӯз ҳам фазои аҳли муҳоҷирати тоҷики Конодоро фарогир аст. Даргузашти нахустин тоҷики Тоҷикистон дар торихи 150-солагии Конодо ҳамаи аҳли Ҷомеъаи тоҷикони Конодоро дардманд ва дилшикаста намудааст. Имрӯз дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Маскав, Санкт-Петерсбург ва Монтреал ҷамъомадҳои ёдбуди Паймона-бону баргузор мешаванд.
Ӯ 38 сол дошт, ҳафт сол қабл бо умеду орзуҳои ширин бо ҷигарбандонаш ва ҳамсараш вориди Конодо шуд. Дар муддати кӯтоҳ миёни аҳли муҳоҷират обрӯ ва манзалати хешро пайдо намуд. Дар муҳоҷират бо муваффақ буд, аз маҳбубияти хоси ҳамаи мардуми мо бархӯрдор буд. Дар Ҷомеъаи тоҷикони Конодо масъули бахши фарҳангӣ ва узви Шӯрои раҳбарии ин созмон буд. Паймона-бону чунон хоксор буд, ки бо истеъдоди табиӣ, дониши фароҳ, тафаккури расову миллӣ, ва ватанпарастиву масъулиятшиносӣ эҳсосе надошт, ки метавонист дар Ватанаш вазири бомуваффақи фарҳанг ё омори кишвараш бошад. Чунин фарзандони азизи миллат дар байни Ҷомеъаи тоҷикони Конодо зиёданд...
Дар рӯзи ёдбуди ин азиз аз ҳамаи шумоёни гиромӣ хоҳиш менамоем ба рӯҳи поки хоҳари дилсӯзи Ватан ва ғарибамон дуову ниёиш намоед. Дӯстоне, ки хоҳиш доранд дар рӯзи ёдбуди Паймона-бону гул тақдим намоянд, аз ишон мӯҳтарамона тақозо менамоем, ононро ба унвонии Анҷумани мубориза алайҳи бемории саратон дар Конодо ва созмонҳои мазбур дар маҳалҳояшон ирсол намоянд.
Инсони воқеан поку бе олоишу бе озору меҳанпарасте, ки ҳамеша ёдаш Ватану наздиконаш буд, Паймона-бонуи азиз.
Рӯҳи покат шод, ёди нозанинат гиромӣ ва номат ҳамеша дар қалбҳои мо!

Бо эҳтиром,
Равшан Темуриён

Бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеъаи тоҷикони Конодо