Дориюши Раҷабиён | Facebook, UK 
Меъмори истиклоли Точикистон

Дар остонаи солрӯзи истиқлол, ё дар воқеъ, орзуи истиқлоли сарзаминам, ба ёди устоди азизам Тоҳир ашк мерезам. Ашки шӯру талхи зиндагии бузургмардеро, ки агар дар сарзамине фарҳехта по ба ҳастӣ мегузошт, агар дар давроне ба дунё меомад, ки мафҳуми "фарҳанг" даҳ ман тафсир дошт, агар бо касоне ҳамзамон мешуд, ки байни "миллат" ва "зиллат" хатте мушаххас кашида буданд, ҳатман дар садри кор қарор мегирифт. Раҳбари хирадманде буд, ба тамоми маъно, ки иштибоҳан дар буҳбуҳаи бехирадиҳои рӯзгор қад алам кард, фусурд ва рафт. Аммо дар рӯзи истиқлол бар равони ин бузургмард дуъо мекунам ва аз ӯ дубора мехоҳам: "Устод, чаро шумо раисиҷумҳур намешавед?"

Акс аз нашрияи "Миллат"

Қадриддин Аслонов: Истиқлоли Тоҷикистон муборак!

Дар ҳоле ки ҳоло дар Тоҷикистон аз 20-умин солгарди истиқлол бо шукӯҳу ҳашамати зиёд таҷлил мешавад, аммо на дар суханронии Президент Раҳмон ва на дар сӯҳбатҳои маросими ҷашн аз Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони "Растохез" ва муаллифи Эъломияи истиқлоли ин кишвар ва Қадриддин Аслонов, кафили раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи сентябри соли 1991 Эъломияи истиқлоли ин кишварро имзо карда буд, ном бурда нашуд ва тамоми дастовардҳои даврони истиқлол ба шахси раиси ҷумҳурии феълӣ марбут хонда шуд.

Би-би-сӣ