Муъмин Каноат | Душанбе, Точикистон

 БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб, 
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ. 
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, 
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ. 
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, 
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ. 
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, 
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ. 
Баҳри ман танҳо забони модарист, 
Ҳамчу шири модар аст, 
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест, 
Чунки меҳри модар аст. 
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам, 
Дӯст медорам варо, 
Чун навозишҳои гарми модарам, 
Дӯст медорам варо. 
(1963)