Равшани Темуриён | Фейсбук, Монреал - Душанбе

Дарди диламро факат ба устод Бозор гуфта метавонам....

Соати 2:00 шаби рузи душанбе 20-уми июни с.2011 ба вакти Душанбе баробар бо соати 17:00 рузи якшанбеи 19-уми июни с.2011 ба вакти Монреал

Аз ифшои номи хамсухбат-хамватани азизам, ки ишонро аз наздик намешиносам, худдорй мекунам:

АС: Ассалому алейкум устод! Ман мунтазам навиштахои Шуморо дар сайт мутолиа мекунам. Афсус, ки навиштахои  Шумо дар хафтаномахои ватани нашр намешаванд...

РТ: Салом! Ташаккур бародар! Лутф доред...

АС: Устод, мехостам аз Шумо як чизро бипурсам...

РТ: Бале...

АС: Каблан аз Шумо узр мехохам...

РТ: Бифармоед, гуш мекунам....

АС: Шумо чи тавр гарибиро тахаммул мекунед?

Узр, ман намехостам Шуморо малоли хотир кунам. Гап сари он аст,

ки Шумо магар наметавонед дар ин Ватан бошед...

РТ: Вокеан хеле душвор аст барои ман, шахсан, тахаммул кардани гурбат, дигаронро намедонам. Лекин ба соли 19-уми гурбат расидем...

АС: Охир, Шумо низ ватандори Точикистон хастед...

РТ: Бале, мо Ватанамонро дуст медорем, аммо дар робита ба тарзи хукуматдори назарамон дигар аст...

АС: Ман гумон мекунам, ки Шумо акнун агар гуфтан мумкин бошад...

РТ: Агар навиштахои сайти Ахли мухочиратро мутолиа намоед, Шумо онро дарк мекунед...

АС: Омухта шудед-чи ба дур будан аз Ватан? Ба тарзи дигар гуем ин дарди намедонам талх аст ва ё ширин ба Шумову шумо ба ин дард мутобик шудаед. Ман мехонам ин сайтро, махз, баъди хондани сайти мазкур ба шахсияти Шумо таваччух зохир кардам...

РТ: На, харгиз дар гурбат омухта нашудаем, аммо вокеияти Ватанамон хамин тавр аст, мо вакте ки мебинем хукмдорон Ватани моро чун моли шахсии худ идора мекунанду рузгори мардум сол ба сол бадтар мешавад, онро пазируфта наметавонем...

АС: Устод, ман гуфтани хастам, ки Шумо, устод Бозор ва даххо шахсони бофархангу арзандаи миллат насли нави точикони мухочирро ташкил хохед кард...

РТ: Зеро фикри мо ин аст, ки Точикистони кучакро дар 20 соле, ки баъзехо ба моли худ табдил доданду каламравашро кам кардаанд, мебоист хеле обод ва ба миллати мазлум хаёти арзандаи инсонй фарохам меоварданд...

АС: Яъне ки бобои ман низ соли омад-омади рус аз Точикистон фирор карданду баъдан дар Афгонистон аз дасти Толибон кушта гардиданд ва баъзе пайвандон ба Арабистон рафтанду дигар мо алока бо онхоро гум кардем...

РТ: Агар росташро гуям, ин чараёни фурупошии Точикистон ва миллатамро дида, дар гурбат хуни дил мехурам ва бовар кунед, хайрон мешавам, ки чаро ин миллат дар баробари сарнавишти хеш бетарафиро ихтиёр кардааст...

АС: Устод, барои мо низ тахаммул кардани он холате, ки Шумо мегуед, осон нест. Дар хакикат хеч будагон хар ки шуданд, аммо...

РТ: Хабархо аз Точикистон бароямон хеле сахт мерасад, бовар кунед, бародар. Дарди диламро факат ба устод Бозор гуфта метавонаму халос....

АС: Чи кунем, ки ба умеди фардои нек зиндаги мекунему аз Худованд омадани рузхои неку хубу бобаракатро мунтазир хастем...

РТ: Бале, дарк мекунам Шуморо...

Баъзе миллатхои мисли мо дар ин бист соли ахир ба Иттиходияи Урупо ворид шуданду баъзеи дигарашон  мунтазири шомил шудан ба ин созмони урупой хастанд, точикон бошад дар замони феодализми патриархалии хонаводаги зиндаги доранд....

АС: Устоди гироми, бори дигар узри мани сахтгапро кабул фармоед.  Ман аз сухбат бо Шумо хеле мамнун шудам,  зеро гумон мекардам, ки Шумо бо ман гуфтугу намекунед. Хайрият, ин гумони ман ботил баромад.  Худо шуморо нигах дорад!

РТ: Ташаккур аз Шумо хам. Дуруду эхтироми моро ба хамаи дустон ва наздикон такдим намоед. Замини Точикистонро аз номи ман бибусед....

АС: Оби чашмам рафт,  устод...

РТ: Ман хам, бародар...

Ба Худо меспораматон...