Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

МИЛЛАТ ПОДА ШУД. ДИЛАМ ДАРД МЕКУНАД....

Миллат пода шуд. Дилам дард мекунад.

Нобиғааш ҳам сангакӣ шуд. Ба худо, дилам дард мекунад.

Шоири миллаташ “ин ҳама солҳои ғарибӣ ва ҳамразмонашро барои як аппартамони се-хонагӣ иваз кард”.

Дар бораи кадом миллат, дар бораи кадом шоираш ҳарф занем…

Ин ҷомаи дурӯғро нобиғаву шоираш ба бар карданд. Аз нобиғааш то ба шоиру рӯзноманигораш то ба сиёсатмадору оппозитсияаш дурӯғгӯву артист шуданд.

Нафс бар инсоф, дурӯғ бар адолат дастболо шудааст. Аз ҳукмронаш то ба оппозитсияаш нафси боло ва поӣини худро нигоҳ дошта наметавонанд.

Ҳама ва ҳама ҷои Ватанро рӯҳияи сангакӣ фаро гирифтааст. Ба гуфтаи ҳамон шоири миллаташ “ бо кадом собун ин ҷома”-и касифи миллати аз даст рафтаро бишӯям. Ин ҷо рӯзи сиёҳест. Кошки мисли Лоиқу Шакурӣ бимириву ин ҳоли зорро набинӣ. Беҳаёӣ моро куштааст…

Нафасҳои охирини миллат гӯиё бошад. Ҳама шоир, ҳама журналист, ҳама сиёсатмадору сиёсатшинос ва ҳама ҷомаи дурӯғ ба бар. Сиёсатро ба бизнес табдил додаанд. Ҳукмронаш ва оппозитсиюнаш. Давлатдорӣ дар ҳоли фурӯрезӣ. Нафси ҳукмрон ва оппозитсияаш болост. Ҳамааш 3-4 зан доранд. Ҳама дуздиву ғоратгарӣ. Ҳама рекламаро дӯст доранд: аз нобиғааш то ба сиёсатадораш худро таъриф мекунанд. Шоири милаташ устухонҳои Шакуриро хоида соҳиби кафан шуд. Шоираи яккаву танҳо ба ин шоир посухи сазовор дод: ”Ҳарфе надорам бар ту!”

Ҳарф ҳайф аст. Инсоф ҳайф аст. Шарм ҳайф аст.

“Ба ҳар синаи сард нола хезад”. Нола куҷост, ҷисм сард аст, ҷисми миллат мисле, ки дар сардхона аст.

Нобиғаву шоираш бидуни азоби виждон: “Дар паҳлӯи ҳукмрон бошем беҳтар”, мегӯянд. Ва ин ҳарфҳо дар ҳоли мавҷи охирини фирори охирини рӯзноманигорони ангуштшумори солим, ки дар ҳоли гурез аз Ватананд, садо доданд.

Касе намехоҳад садо баланд кунад. Ҳама мунтазири берун. Касе аз берун меояду онҳоро аз ғуломӣ озод мекунад.
Худи ғуломон чизе намехоҳанд, касе намехоҳад аз ҳақу ҳуқуқи инсонии худ ҳифозат кунад. Фақат мехоҳанд, ки ё аз берун ё аз осмон озодкунандагон ба кӯмаки ғуломон шитобанд.
Худоё, ин чӣ девонагист!

“Дар ин нима шаби тор бимирам, бигзор бигирям.
Дар мотами пажмурдани гулҳои умедам,
Бигзор чун абре бар гулзор бигирям”.

Матбуоташ мисли вайронаҳои Тоҷикистон бӯи ахлоқи сангакӣ мекунад. Агар як каси бегона аз хориҷ омада, ба дасташ рӯзномаҳои Тоҷикистонро бигирад, фикр мекунад, ки ба ҷумҳурии исломии Тоҷикистон афтодааст...