Сафар Абдулло| Алмати, Казокистон

Дар сугвории дуст: Пайванди Гулмуродзода

                                              1956 - 2013

Хабари марги нобаҳангоми дӯсти азиз ва ҳамклоси донишгоҳиям Улашбой (Пайванди Гулмуродзода) дили реш решамро рештар кард. Ҳамин чанд рӯз пеш паёме ирсол намуда ҷӯёи ҳолам буд. Завқи зистан ва навиштан дошт.Бобати ҳамкориҳояш бо устоди фарзонаи фақидам Муҳаммадҷони Шакурӣ, аз ӯ сипосгузорӣ кардам. Одами миллӣ буд ва таърихи матбуоти тоҷикро хуб омӯхта буд. Бисёре аз мақолотеро, ки ҷанбаи миллӣ дошт баргардон намуда дар Тоҷикистон ба чоп расонд. Аз тоҷикони Ӯзбакистон буд. Теъдоди тоҷикон дар Ӯзбакистон, агар бештар набошад, камтар аз тоҷикони Тоҷикистон нест! Инро барои он мегӯям, ки мебинам, бархе аз фурумоягон,ки худро "таҷики тап таза" эълон кардаанд, алайҳи тоҷикони Ӯзбакистон дар сафаҳоти расонаҳо носазо мегӯянд. Ҳоло чунин рафтори палидонаи зиштро алайҳи Раҳматуллоҳ Зойируф шуруъ кардаанд. Мо ба ин нобакорӣ набояд роҳ бидиҳем. ..

Ҳоло бо дареғу дард ёдовар мешавам, ки Пайванди Гулмуродзода, яке аз фидоиёни миллатӣи мо буд,ки умри худро ба омӯзишу пажуҳиш сипарӣ кард ва дар сангинтарин рӯзҳои таърихи кишвари азизи мо Тоҷикистон ҷон ба каф гирифта дар Душанбе монд ва то ҷое метавонист,талош кард ба меҳанамон хидмат кунад. Ҳоло намедонам, аз чӣ мурда...
Сад дареғ, ки "ҷони гиромӣ ба падар барсупурд"! ва афсус,ки орзӯҳояшро ба хок бурд.Ба ҳамаи бастагонаш ҳамдардии амиқи хешро иброз медорам ва аз эзади доно ва тавоно барояш раҳмат ва шафқат орзӯ мекунам.
Номашу ёдаш гиромӣ бод! 

Зӣ модар ҳама маргро зодаем,
Ҳама бандаем, арчӣ озодаем. 
(Фирдавсӣ)