Равшани Темуриён | Facebook, Canada

Ватанро аз миллат рабуданд...

(Декломои зери лаб)

Миллат дар Ватан ғариб шуд. Худоё, раҳм кун!

Худоё, кай саҳар мешавад?

Бо Додоҷони саркаш чӣ шуд?

Додоҷони зебо куҷост?

Душанбе дар дасти кисабурҳои бозору хиёбон,

Додоҷон миёни аҷалу зиндагист...

Боз чанд нафар монданд?

8, 10 ё, шояд, 20 тан?

Намедонам ...

Кистем? Миллатем? Қабилаи парокандаем?

Намедонам....

"Тенҷист", мегӯянд ҳама дар Ватани вайрона.

Худоё, раҳм кун, саҳар ҳадя бинмо,

Ба ин миллати мазлуми нестандарҷаҳон,

Миллатеро, ки бо ҳама камиву костиаш,

Дӯст дорам, хеле дӯсташ дорам.

Ин миллат лоиқи зиндагии беҳтаре аст!

Худоё, раҳм кун!

Худоё, ба бандаат - Додоҷон раҳм бинмо!

Миллат дар Ватан ғариб шуд. Худоё, раҳм кун!