Рухат шод бод!

БИЖАНИ ПОКЗОД 

1944-2011 

Бижан -  Султони таррохии либос, зебойи ва ашёи рузгори лакшарй (люкс) дар асари сакта дар беморхонаи Cedars-Sinai Medical Center вокеъ дар Лос-Анчелоси Калифорниёи Иёлоти Муттахидаи Америка даргузашт. Бижан 67 сол дошт. У вокеан нобига дар таррохии либос, чавохироту атриёт ва ашёи люкс ба шумор мерафт.

Бижани Покзод дар Техрон ба дунё омада, дар Шветсария ва Италия тахсилоташро анчом дода, дар Америка зиндагй мекард. Фурушгох-намоишгох-бутики у дар минтакаи аз хама обрутарин ва гаронтарини дунё хиёбони Родео Драйви Беверли Хиллси Калифорния чойгир гаштааст. Бижан шохону императорон, президентону сарвазирон, обрумантарин шахсиятхои дунёро бо либос ва ашёи санъати зебойи худ таъмин мекард. Президент Обама, маликаи Бритониё, президент Клинтон, президентон Буши бузург ва Буши хурд, президент Путин, императори Япония, шохи Испания ва садхо рахбару ашхоси номдори чахони сиёсату фарханг либосу ашёи мухталифи Бижанро меписанданд. Бижан 40 хазор муштарй дошт ва 36 президенти дунёро бо либоси хеш таъмин мекард. Ишон дар як сухбати хеш гуфта буд, ки танхо ба дархости ду нафар аз рахбари кишвари чахон, ки мехостанд муштарии у шаванд, посухи манфй додааст: Муаммар Казофй ва Саддом Хусайн.

Бижан гуфта буд: "Дунё барои ба он мувофикат шудан офарида шудааст. Дунё ба камй каноат карданро меомузад. Дунё дунёи созишхост ва касе хам ба он комилан сарфахм намеравад...

Хамин тавр, ман тасмим гирифтам дунёи худамро биофарам."

У Эронро хеле дуст медошт ва бо эронияти хеш хамеша ифтихор дошт. Афроди сохибкасбро хамеша кадрдонй мекард. Аз изхори эхтиром ба хунари як шахс, хох рузноманигор хох коргари оддй, худдорй намекард ва ошкоро афкорашро баён медошт. Шахси лоик ва бузург дар хунари худ буд. Инсоният ва фурутании миллардер Бижани Покзод бидуни мухобот хамаи мардумеро, ки бо ишон ру ба ру мешуданд, мафтун мекард. Даргузашти Бижан барои хар як узви ахли мухочират андухи сангинест.

Бо даргузашти Бижан пойизи ахли мухочират боз хам хазонтар шуд....