Хуш омадӣ ба мулки ғарибони тоҷикам, Садриддини азизи дилҳо!

(Дар ҳошияи сафари ҳунарии Садриддинҷон ба Конодо)

Мо ҳамин қадар майда шудем, аз дидори ҳамдигар дур мондем. 

Мо ҳамин қадар бе меҳр шудем, ки дар мулки ғарибон майда шудем. Ту омадиву мо зинда шудем. 

Дар 150 сол фақат чор тоҷик ба Конодо омад: профессор Саъдинисо Ҳакимова, профессор Мунира Шаҳидӣ, Шабнамҷону ту. Дигар касе ёди мо, ғарибонро накард.

Ин қадар майдаву реза шудем...

Гуё ин қадар миллати бузургем, ки ҳамдигарро ба ду ҷиноҳи мухолиф тақсим кардем. Боз иди ваҳдатро ҷашн мегирем...

Ту омадиву нафасамон рост шуд. 

Хеле хуш омадй ба ин Ватани ғарибони тоҷикам!

Ту меҳмони ҳар тоҷики ғариби бечораат!

Аз номи ҳар як тоҷики ғарибат ба оғуш мегирамат!

Як тоҷикат, бо номи Равшани Темуриён...