Ravshan Temourian | Montreal, Canada 

Нома ба Сайфиддин Тӯраев

Аз бойгонии шахсӣ, сентябри соли 2002


Ба ҷои пешгуфтор

Моҳи сентябри соли 1992 дастаҳои горатгари Сангак Сафаров маркази вилояти Қӯрғонтеппаро ба хун огушта мекарданд, кафили раиси парламони Тоҷикистон Сайфиддин Тураев аз тариқи телевизион ба мардум муроҷиат намуда, хитоб карда буд: "Ҳой мардум, ба худ оед, ҷангро бас кунед, муттаҳид шавед, вагарна дар ватанатон, дар деҳаатон муҳоҷир мешавед..."  

Он замон касе ба ин суханон аҳамияте надода буд. Ҳоло тоҷик дар ватани хеш муҳоҷир шудааст. Ва, инак, он нома:

Сайфиддин!

Ту дар Панҷшерат хомӯш ҳастӣ, туро таҳқир карданд, туро ба “Кобул”-ат намонданд, ҷой барои ту пайдо нашуд....

Сайфиддин – Аҳмад Шоҳи Масъуди ман, виждон, хирад, илм, сиёсати тоҷики ман.

Тоҷикистонат айни Устурушанат хира метобад. Спитаменат камари Мақдуниро шикаст. Мақдунӣ баъди зӯр заданҳои се солу даҳмоҳа марги худро дар Панҷшерат пайдо кард. Рухшона ғуломи Мақдунӣ шуду Устурушанат не. Ашкҳои Рухшонаро соят[1] шуст. Имонат тоза шуд.

Чингиз гуфт:

- Ман иштибоҳи Мақдуниро такрор намехоҳам.

Вай лашкарашро ба сӯи Хӯҷанд кашид.

Оҳ, Сайфиддин!

Ту замони куштор[2] Кирополи қадиматро гушодӣ[3]. Собит кардӣ, ки он ҳадди ақал шаш ҳазору дусаду ҳафтод сол таърих дорад. Вале қарор карданд, ки ду ҳазору панҷсадсолагии Устурушанатро таҷлил кунанд...

Сайфиддин, боз туро таҳқир карданд....

Исмоили Сомониат аз Устурушан номуси миллатро ба Бухоро бурд. Мардумат ҳамеша чашм ба роҳи фарзандаш болои Муғтеппа мебаромад. Исмоилат барнагашт.

Фарзандони ноаҳл Бухороро аз даст доданд.

Сайфиддинам!

Ту чун Аҳмад Шоҳи Масъуд соати худро дар “Панҷшер”-ат мунтазир будӣ. Ту бештар аз Аҳмад Шоҳи Масъуд мунтазир мондӣ. Панҷшерат хомӯш аст. Мардумат ҳам аз Шимолӣ[4] то Бухороят ғуломона хомӯш аст. Шери Панҷшер аз ғуридан бозмонд...

Қоматат паст шуд, Сайфиддинам. Бубахш ин мардумро, ки туро рӯи даст ба “Бухоро”-ят набурд. Бубахш фарзандони нохалафи Сомониро.

Қироати Қуръони бомдодат, Бедилхонии саҳариат, варзиши Сӯҳробонаат, ҳадсу сиёсатат, қалби поки Ватан - дӯстдориат, муҳаббатат, рӯҳи миллатат, Устурушан, Тоҷикистонатро қавӣ медорад.

Ту мехостӣ Аҳмад Шоҳи Масъуд ба Устурушанат ояд. Ӯ мешармид аз Душанбе дуртар сафар карданро...

Ӯ туро ғоибона медонисту ту вайро дар ғайбаш ситоишу эҳтиром мекардӣ.

Шери Панҷшер аз ноаҳлии мардумат рафт. Бо Спитамену Виркан, бо Исмоили Сомониву Бобоҷон Ғафурӣ сар ба сар шуд.

Лек ту хомӯшӣ....

Гардани хамро шамшер намебурад. Гардани мардумат аз хамӣ ба замин расидааст. Оҳаш дарун. Як-як қалбҳо мекафанд, “Бухоро”-ят бе раҳбар, мактабат бе муаллим, сарбозҳоят бе фармондеҳ, Устурушанат бе ситора – бидуни ту намедурахшад. Гули Сурхат[5] Накҳати[6] ҷавонмаргро мемонад. Дилшодат ба Барнои Хӯқанд[7] табдил ёфтааст. Саттории қаҳрамонат[8] ва Ҳабибуллоҳхони хирадмандат[9] дар теппаи Душанбе хомӯширо ихтиёр карданд.

Сайидумархонат[10] дар Устурушанат хомӯшона қадам мезанад...

Карим Юлдошат аз Боғи Суғдаш[11] монд, ӯ ҳам дар Душанбе хобидааст....

Сайфиддин!

Чӣ хоҳад шуд ва чӣ хоҳад монд??  Ё, кӣ хоҳад монд?

“Бухоро”-ят ба дасти “ғазнавӣ”-ҳо? Устурушанат ба дасти “мақдунӣ”-ҳо? Занонат ба дасти аҷнабиҳо? Фарзандонат ба бозоркашони Черкизово[12]?

Ту боист Мунтасир[13] бошӣ. Саратро боло кун. Исмоилхонат ин ҷост. Рустамҳоят дар Ҳироту Самангонанд. Сиёвуши ба хуноғуштаат дар орзуи падар ва Эрон дар Тӯрон бимонд. Ҷомиву Биноиат ҳам он ҷоанд. Рӯҳи Панҷшерат дар Даҳбед[14] аст. Бисмиллоҳхонат он ҷост.

Мисли Бухороят лаб ба хомӯшӣ мазан!

Боди Сӯфиёнат аз Ҷабул-ус-Сироҷ мевазад. Шоири сӯфиёнӣ[15] дар Сиэттл рӯбучини калисо мекунад. Бӯи калисоро авлотар аз зиндони ҳукумат медонад.

Сайфиддин!

Ба худ ой, Худо туро дӯст дорад. Рӯҳи Спитамену Виркан, равони шоди Бобоҷон Ғафуриву Аҳмади Шоҳ Масъуд ноороманд...

Худоё, аз шармандагӣ нигаҳ дор, ин миллати мазлуму паршикаста ва фарзанди хомӯши варо...

Монреал, Канада

сентябри соли 2002

(дар рӯзҳои шаҳодати Аҳмад Шоҳи Масъуд иншо шудааст)


[1]           сой – дарёчаи пурталотуми босуръате, ки аз маркази Устурушан ҷорист.

[2]           ҷанги дохилии Тоҷикистон, 1992-1997

[3]           Искандари Мақдунӣ номи шаҳри Устурушанро, ки ба хотири Шоҳ Куруш Курушкада, яъне шаҳри Куруш номида буданд ба Киропол ва ё ба юнонӣ Кирополус табдил дода буд

[4]           минтақаи шимолии Кобул: вилоятҳои Парвон, Каписо ва Кобул

[5]           Гули Сурх - майдони марказии Устурушани қадим

[6]           Накҳати Уструшанӣ шоири боистеъдоди тоҷик дар садаи 18, ки дар синни 16-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

[7]           Дилшоди Барно – шоираи барҷастаи асри 19, ки дар 16-солагӣ аз тарафи лашкари хони Хӯқанд ба асорат гирифта шуд ва дар дарбори хони Хӯқанд умр ба сар бурд ва танҳо дар синни 86 солагӣ ба Устурушан баргашт

[8]           Набиҷон Сатторӣ - олим ва адабиётшинос, қаҳрамони Ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки ба номи эшон дар ноҳияи Зерногради вилояти Ростов деҳае ба номи Сатторовка ба хотири қаҳрамони ҷанг Набиҷон Саттории тоҷик гузошта шудааст. Аммо ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳатто кӯчаи Котовскийро, ки ишон зиндаги мекарданд, ба номаш нагузоштанд.

[9]           Академик Ҳабибулло Саидмуродов – олим ва сиёсатмадори намоёни ин миллат

[10]          Сайидумар Султонов – адабиётшинос ва шоир

[11]          Карим Юлдошев – сиёсатшинос ва ходими барҷастаи давлатӣ, ки дар Душанбе террор шуд; зодгоҳаш Боғи Суғд – ш.Оҳангарони вилояти Тошканд, ки дар Ӯзбекистон Боғи Суғдро аввал ба Боғи Сурх ва баъд Бахсук табдил додаанд.

[12]          Бозори Черкизовои ш.Маскави Русия, ки дар он ҷо тоҷикон аробакашӣ мекунанд.

[13]          Мунтасири Сомонӣ - охирин намояндаи сулолаи Сомониён дар Бухоро дар қарни X-XI, ки барои бозпас гирифтани Бухоро дар солҳои 999 -1004 панҷ маротиба кӯшиш ба харҷ дода буд.

[14]          Даҳбед деҳаест дар назди шаҳри Самарқанд, ки зодгоҳи аҷдодии Аҳмад Шоҳ Масъуд ва мардуми Панҷшер ба шумор меравад.

[15]          Шоир Бозор Собир – зодгоҳаш деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзободи Тоҷикистон.