The Tajik Community of Canada

Jim Flaherty: an extraordinarily dedicated public servant

                                                   (1949 - 2014)

"It has been an honour to serve Canada. Thank you for the opportunity. "

- Jim Flaherty's last tweet.

"Барои ман ифтихор буд, ба Канада хидмат кардан. Сипосгузорам аз он имконе, ки бароям муҳайё кардед." Ҷим Флаҳертӣ, охирин паём дар Tweet.

Ҷамъияти тоҷикони Канада аз хабари даргузашти нобаҳангоми сиёсатмадори барҷастаи кишвар, вазири пурқудрати молияи Канада (6.02.2006-18.03.2014) мӯҳтарам Ҷим Флаҳертӣ хеле андӯҳгин буда, фикру зикри мо бо хонаводаи мутаваффот ҳамроҳ ҳаст. Даргузашти ҷаноби Флаҳертӣ барои кишварамон ва ҷомеаи кассирулмиллати Канада хеле ва хеле бузург аст. Ҷим Флаҳертӣ дар минтақаи Лашини шаҳри мо - Монтреал дар хонаводаи ирландитаборони ин кишвар ба дунё омадаст. Ӯ воқеан яке аз лидерони нерӯманди Канада ба шумор мерафт. Маҳз ба хизмати ҳалолу беғаразаш ба мамлакати азизамон - Канада мо аз балоҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ эмин мондем. Дар замони кори ишон буҷаи давлати Канада ҳамеша мутавозеъ буд. Маҳз ӯ дар ин ҳашт соли ахири кораш ба ҳайси вазири молияи Канада ин кишварро обод кард. Хоса, барои хонаводаҳои камбизоат ва фарзандони бемор фондҳои махсус ва иҷозати боз кардани ҳисобҳои ҳифозатии банкӣ бидуни молиёт барои ҳама шаҳрвандони мамлакат иҷозат дод. Ишон воқеан бидуни шак хидматгори ин халқу ин Ватан буд. Ҳамаи нерӯю афкори хешро ҷаноби Флаҳертӣ барои хидмати мардумӣ дар Канада вогузошт. Чунин фидоиҳо дар ҳукумати Канада кам нестанд ва Ҷим Флаҳертӣ беҳтарини онҳо ба ҳисоб мерафт. 

Тамоми мардуми Канада аз эълони истеъфояш аз вазифаи вазири молияи кишвар дар таърихи 18 марти соли равон ба ҳайрат афтода буданд. Ӯ ҳатто нахост аз бемории худ ба мардуми мамлакаташ хабар диҳад. Ҳамон рӯз Ҷим Флаҳертӣ дафтарашро тарк гуфт.                  

Хоксории ин мард тимсоли инсонӣ буд. Бо ҳама хушахлоқ ва ба ҳама гӯш медод. Ҷаноби Флаҳертӣ аз бемории бисёр камназири пӯст bullous pemphigoid рӯзи панҷшанбеи 10-уми апрели соли 2014 дар синни 64-солагӣ аз дунё даргузашт. Нисфирӯзи панҷшанбе мошини ёрии таъҷилӣ ва пулис ба хонаи Ҷим Флаҳертӣ воқеъ дар пойтахти Канада шаҳри Оттава даъват шуданд. Кори парламони Канада бо фавти ҷаноби Флаҳертӣ барои имрӯз мутавақиф гашт. Ба муносибати даргузашти фарзанди бузурги ин сарзамин парчами давлати Канада дар парламони кишвар дар Оттава поин карда шуд.

Мо аз номи ҳамаи тоҷиктаборони Канада ба хонаводаи мӯҳтарам Ҷим Флаҳертӣ - Кристин Эллиотт, узви парламони кишвар ва се писари сегонаашон таъзияи амиқи хешро баён дошта, барояшон сабри ҷамил мехоҳем.  

Ёди нозанини ин инсони комил ва хидматгории сарсупурдаи мардум абадан дар дилу дидаи ҳамаи мо - мардуми Канада хоҳад монд.