The Society of Tajiks of Canada/Анчумани точикони Канада/انجمن تاجیکان کانادا 

 

Чашни Навруз дар остонаи мост. Чашни дустдоштаи миллати точик. Наврузи зебои мо. Наврузи барнои мо. Наврузи оламафрузи мо.

Имсол Анчумани точикони Канада бо хонаводахои хеш Наврузи дилафрузро дар яке аз бехтарин идгохи кишварашон - толори мучаллал ва бохашаматиBanquet La Sirene шахри Лавал чашн мегиранд. 

Наврузи гухаррезро бо хонаводахои азизи точики Канада, дустони бехтарину карин, ёрони вафодор, фарзандони ояндаи ин миллат, аъзои Анчумани точикони Канада,  точикони гули сари сабади Точикистон, Афгонистон ва Узбакистон хама якчоя дар Толори мучаллали зеботарини Квебек точикона ва шохона дар хавои даврони Бухорои Сомониён истикбол мегиранд.

Наврузи мо чашни фаромушнашаванда дар ихотаи наздиктарин, бехтарин, азизтарин, гиромитарин инсонхо бо калбхои поку соф, зебо ва кашанг, бо нияти софу бегубор чун шиори сохибони аслии Навруз: Рафтори нек, пиндори нек, кирдори нек...

Рузи чумъа 22-уми март мову Наврузи мо, точику чашн, Наврузгох дар Канада. Дар ин руз хама точикони Канада чамъ меоянд. Точиктаборон чашни бостониро дар Канадаи дур пос медоранд. Навруз бо кадами нек меояд. Точиконтаборони Канада бо умеду нияти нек Наврузи бостониро чашн мегиранд. Мархабо, Навруз!

              НАВРУЗ МУБОРАК, ДУСТОН!