The Bukharian Times | New YorkUSA

Намоишгохи Точикистон дар Созмони Миллали Муттахид

Ахиран дар макари Созмони Миллалии Муттахид вокеъ дар шахри Нйу Йорк намоиши наккошй ва аксхо тахти унвони "Точикистон: кишвари кухистон - сарчашмаи об" барпо гардид. Намоишгохи мазкур бо ташаббуси намояндагии чумхурии Точикистон дар СММ ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (UNDP) доир гашт. 

Дипломатхои хоричй изхор медоштанд, ки гушоиши намоишгохи Точикистон бо чамъомади мухими СММ дар робита ба чавонон иттифок афтод. Тазаккур шуд, дар кори ин конфароси чахонй як катор сарони кишвархо, вакилон ва мехмонони хоричй аз нукоти мухталифи дунё ширкат доранд, ки бо майли том вориди гушаи Точикистон мешуданд.

Гузоришгари The Bukharian Times аз кароргохи СММ иттилоъ дод, ки дар маросими гушоиши намоишгох намояндагони ахли мухочирати ИМА ва Канада, дипломатхои хоричй ва Точикистони мукими Америка ва донишчуёни точик хузур доштанд. Миёни издихоми мизбонон ва мехмонони маъракаи точикон симохои барчастаи байнамиллалй, аз кабили, муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттахид Вичай Намбияр (Vijay Nambiar)  ва як зумра кормандони олирутбаи СММ ба чашм хурданд. Сафири Точикистон дар СММ Сирочиддин Аслов, ки ба забони англисй рохат харф мезад, дипломатхо ва мехмононро хайра макдам мегуфт. 

Дар гушахои толори намоишгох наккошихои рассоми шахири точик Леонид Хушвахтов ба маъраз гузошта шуда буданд. Рассоми точик Л.Хушвахтов солхои тулонист, ки дар Иёлоти Муттахидаи Америка зиндагй ихтиёр кардааст. Гузоришгари The Bukharian Times ёдовар мешавад, ки Леонид фарзанди рассоми шоистаи Точикистон Хушбахт Хушвахтов ба шумор меравад. Чои ифтихор аст, ки наккошихои ишон дар катори осори дигар рассомони точик дар толорхои гуногуни Мачмааи Умумии СММ чандин дафъа ба маърази намоиш гузошта шуда, хамеша таваччухи коршиносони санъати наккоши ва гавхаршиносони гарбиро ба худ чалб мекунанд.

Як гушаи дигари намоишгохро суратхои аккоси нашрияи "Азия-Плюс" Нозим Каландаров ташкил медоданд.

Аксхои рузноманигор ва аккос Латифи Латифй аз Нйу Йорк