Наврӯзи тоҷикони Конодо

Ҳар қавм варо зи хештан медонад,
Пироҳани тоҷикона дорад, Наврӯз.
Зардуштсулола ҳасту Ҷамшеднажод,
Аз Ҷоми Ҷамам нишона дорад, Наврӯз.

(Шаҳрия)

Имсол хонаводаҳои тоҷику тоҷикистониёни Конодо, ки ҷамъияташон сол то сол рӯ ба афзоиш аст, барои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар тарабхонаи муҷалали "Quartier Perse"("Маҳаллаи Порсӣ")-и шаҳри азизи тоҷикон Монтреал  гирдиҳам омаданд. Бо ташаккур аз заҳматҳои ҳамаи тоҷикони азиз дар баргузории базми Наврӯзи Тоҷикистон. Маҳфили Наврӯзии тоҷикони Конодо дар воқеъ порае буд аз ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи Тоҷикистони азиз, ки ҳама пазмонанд...

Рӯзи Наврӯз асту аёми нишоту хуррамӣ,

Хез Наврӯзӣ кунем дар боғу бӯстони баҳор!


Наврӯзатон пирӯз!

Ҳар рӯзатон Наврӯз!