The Nawrouz Celebrations by the Tajik community of Canada

برآمـــد بـاد صبح و بــــوی نوروز          به کــام دوستــــان و بخت پـــیروز

مــبارک بادت این سال و همه سال          همایون بادت این روز و همه روز

شـاگون بهــار مبـارک

Базми Наврӯзии тоҷикони Канада

Ҳар қавм варо зи хештан медонад,
Пироҳани тоҷикона дорад, Наврӯз.
Зардуштсулола ҳасту Ҷамшеднажод,
Аз Ҷоми Ҷамам нишона дорад, Наврӯз.
(Шаҳрия)

Имсол ҳам чун анъанаи ҷомеаи тоҷикони Канада маҷлиси Наврӯзии хешро бо ҳам бо хонаводаҳои тоҷикони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбакистон гирифта шуд.

Базми Наврӯзи оламафрӯз дар толори муҷалали "Банкэт Ла Сирен"-и Монтреал баргузор гашт. Имсол яке аз чеҳраҳои машҳури Тоҷикистони азиз, профессор Мунира Шаҳидӣ меҳмони олиқадри ҷомеаи тоҷикони Канада буданд. Ишон бо аъзои хонаводаи мӯҳтарамашон духтарашон узви Садорати ҷомеаи тоҷикони Канада Фарангис Нуррулло-Хоҷа, оҳангсози шӯҳратёри Канада ва Свидан ҳамроҳ бо оилаашон ширкат доштанд.

Бароятон чанд қитъа аксҳоро аз базми ҷамшедии Наврӯзи Бузург дар Канадаи дурдаст пешкаш мекунем.

Наврӯз муборак, дӯстон!