Аз Ҷомеаи тоҷикони Канада

Тоҷикон дар Канада рӯ ба афзоишанд 


Дар маркази иялоти Алберта шаҳри Эдмонтон тоҷикони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ду нишасти ҷамъияти тоҷиктаборони муқими Эдмонтонро доир карданд.

Раиси шаҳри Эдмонтони Канада мӯҳтарам ҷаноби Дон Ивесон аз ҷамъияти тоҷикистониёни Алберта дастгирӣ ба амал оварда, хоҳони ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони Канада дар пешрафти ҷомеаи кассирулмиллати ин кишвар шуд. 

Ғамхории бародаронаи раиси шаҳри нерӯмандтарини саноатии Канада - шаҳри Эдмонтон барои мо, тоҷиктаборони ин сарзамин хеле арзиш дорад.

Дар ду нишасти ахир дар шаҳри Эдмонтон тоҷиктаборони тоҷикистонӣ бо аҳли хонаводаҳои худ бо ҳам муттаҳид гирди ҳам омаданд.

Дар нишастҳо мардуми тоҷики Эдмонтони Канада ба хулосае омаданд, ки ҷамъияти тоҷиконро тавсеъа дода, бахше аз ҷомеаи тоҷикони Канадаро дар ин иялот таъсис диҳанд. Дар таърихи ҷомеаи тоҷикони Канада бори нахуст мешавад, ки дар иялоти Алберта созмони тоҷикистониён ташкил мешавад.

Дар рафти маҷлиси ташкилӣ ҳама намояндагони хонаводаҳои тоҷикистонии муқими Эдмонтон дар бораи зарурати ташкили созмони тоҷикон дар иялоти Алберта шуданд. Раиси шаҳри Едмонтон ҷаноби Ивесон низ аз зуҳури ҷомеаи тоҷиктаборон дар саросари Канада ва хусусан дар иялоти Алберта ва маркази он шаҳри Эдмонтон изҳори хушӣ намуд ва пешниҳоди намояндагони тоҷиктаборро дар бораи арзи вуҷуди ташкилоти расмӣ дар ин минтақаи Канада зарурати вақт хонд.

Аксари тоҷикистониёни Эдмонтон якдилона номзадии бону Зулфия Мирзоева, донишҷӯи донишгоҳи Алберта ва узви раҳбарии ҷамъияти тоҷикони Канадаро ба вазифаи раиси ҷамъияти тоҷикони Алберта бо қароргоҳаш дар шаҳри Эдмонтон интихоб намуданд.

Ҷомеаи тоҷикони Канада бо интихоби бону Зулфия Мирзоева, ба маснади раиси ҷамъияти тоҷикони Алберта ва  ҳамраиси ҷомеаи тоҷикони Канада табрик гуфта, якдилона аз пуштибонии ишон эълон медорад. Ва ба ишон комёбиҳои бузург таманно дорад. Ҳамчунин ҷомеаи тоҷикони Канада аз бону З.Мирзоева хоҳиш менамояд, ҷамъияти тоҷикони Алберта ва ҷомеаи тоҷикони Канадаро расман дар шаҳри Эдмонтони иялоти Албертаи Канада ба расмият дароваранд.

The New Year Party of Tajikistanis of Canada 

Базми солинавии тоҷикистониёни Канада 

(Паёме дар ҳошияи ҷашни Соли Нав)

Ҳамватанони азиз, тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Канада!

Нуфуси ҷамъияти тоҷикистониён сол то сол дар сарзамини Канада рӯ ба афзоиш аст. Ду сол мешавад, ки фарзандони тоҷикистонӣ, ки ба иялоти Онтариои Канада муҳоҷират кардаанд, нишасту дидорҳо барпо мекунанд. Бо ташаббуси як гурӯҳи ҷавонони барӯманди тоҷикистонӣ таҳти раҳбарии Салимҷон Паллаев фаъолияти созмони "Тоҷикистониён" дар Канада тадриҷан шакл мегирад. Ҳамватанони мо ҷашнҳои милливу оммавии сарзамини азизамон Тоҷикистонро кӯшиш доранд ҳама каса якҷоя таҷлил намоянд. Ҷашни хотирангези тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз дар Торонто ва ҳамчунин дар Монреал, ки мутаносибан бо ибтикори созмони "Тоҷикистониён"-и Канада ва Ҷамъияти тоҷикони Канада таҳия шуда буд, аз хотираи касе зудуда нашудааст. 

Дар арафаи Соли Нави 2014 дастандаркорони созмони канадаии "Тоҷикистониён" дар толори муҷалали Thorncliffe Banquet Hall-и шаҳри азими Торонто бо иштироки васеъи хонаводаҳои тоҷикистониён ва меҳмонон аз Афғонистону Ирон базми хотирмони солинавиро ба роҳ монданд.

Раҳбарону фаъолони ҷавони созмони канадаии "Тоҷикистониён" Салимҷон Паллаев, бародарон Ифтихор ва Олимшоҳ Ватаншоевҳо, Отамбек Отамов, Манижа Худогулова, Диловар Мӯсоев, Додихудоева ва чандин ҷавони нозанини миллати бофарҳангу боҳуввияти тоҷикии муқими Торонтои иялоти Онтарио дар ин сарзамини бечорапарвару тоҷикпарвари зебо ва хонаи ҳамаи мо - Канада қалбҳои мо - тоҷикону тоҷикистониёнро ба Канада гармтар ва нармтар мекунанд. Созмони "Тоҷикистониён"-и Канада тадриҷан фаъол шуда, замони тамосу ҳамкориҳо бо ҳукуматҳои иялоти Онтарио ва федеролии Канада муроҷиат намудан муҳайё мешавад. Дар базми солинавии 2014 аъзои "Тоҷикистониён’ дар бораи ин марҳилаи муҳим дар ҳаёти сермиллатаи Канадаи нозанин ҳарф мезаданд. Худи ин нишасти зебои аз ватани бобоии мо, Тоҷикистони азиз баёдмонда, фоли некест дар роҳи дуру дарози таърихи кишвари азизамон - Канадаи нотакрор ва пайвасти намояндагони "Тоҷикистониён" ба ниҳодҳои давлати меҳрубонамон Канадаи инсондӯст. Он рӯзи таърихӣ наздик аст. Тавре тоҷикони асил мегӯянд, худо хоҳад, ба муроду мақсад мерасед. Ба умеди он рӯзҳои нек!

Соли Наватон муборак!

Бо эҳтиром,

Равшани Темуриён,

Бунёдгузори Ҷамъияти тоҷикони Канада