Ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи тоҷикони Конодо!

Консартҳои Садриддин ва Ғизол 9-уми июл дар шаҳри Торонто, 10-уми июл дар шаҳри Монтреал, 16-уми июл дар Ванкувер ва 17-уми июл дар шаҳри Калгарӣ баргузор мегарданд.

Аз тоҷикон ва ҳамзабонони порсизабон хоҳиш мекунем ба консартҳои ситораи мусиқии попи Тоҷикистон Садриддин ва хонандаи хушовози Афғонистон Ғизол бо ҳузури хеш аз ҳунармандони азиз пуштибонӣ намоянд.

Овардани парчами Тоҷикистонро фаромӯш накунед!

То дидор дар консартҳои Садриддин ва Ғизол!