Дориюши Раҷабиён: Таҷассуми порае бузург аз фарҳанги порсии Фарорӯд рафт...

"Ҳамин лаҳазоте пеш хабари даргузашти устодро шунидам, ки дар соъоти бомдоди имрӯз дар синни 87 солагӣ ба диёри боқӣ шитофт. Таҷассуми порае бузург аз фарҳанги порсии Фарорӯд, ъузви Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, "Чеҳраи мондагори Эрон" ва аз вопасин намояндагони тануманди фарҳанги Бухоро дар Тоҷикистон рафт. Равонаш шод боду манзили охираташ обод."      

                                                                                          

Сайёфи Мизроб: Акнун навбат ба арабшавии тоҷикон расид....

архе аз тоҷикон қаблан фарҳанги русиро болотар аз форсӣ мегузоштанд ва акнун гурӯҳе дигар ба забони арабӣ авлавият медиҳанд ва "миллати худро пойинтар аз миллатҳои дигар мезананд."

"Дашноме қабеҳтар аз ин чист, агар гӯянд, ки Рустаму Суҳроб исмҳои кофару маҷусӣ аст ва мо хомӯшона номҳои фарзандони худро иваз кунем?"

Департамони давлатии ИМА: "Тоҷикистон - кишвари худкома, пур аз фасод, хешу қавмпарастӣ ва маҳаллагаройӣ..."

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Омрико Тоҷикистон кишваре худкома хонда шудааст, ки қудрат дар он дар дасти Эмомалӣ Раҳмону тарафдоронаш, ки "умдатан аз як минтақа ҳастанд", мутамаркиз шудааст.

"Дар Тоҷикистон қудрат дар дасти раиси ҷумҳурӣ мутамаркиз шуда ва танҳо ӯ аз ҳаққи таъйин ё барканор кардани масъулони сохторҳои давлатӣ бархурдор аст. Бахши аслии масъулони сохторҳои давлатиро низ аъзои ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон ташкил медиҳанд."

Оқибатҳои чаласулҳи Тоҷикистон...

Давлати Усмон: "Кадом таҷрубаи сулҳи тоҷикон?"

"Сулҳ аз соли 1997 то соли 2002 буд. Ҳоло хатм шудааст. Мегӯянд, ки аз таҷрубаи сулҳи тоҷикон истифода кунед. Аз кадом таҷруба? Таҷрубаи кулоҳгузории давлат бар сари мухолифонро ҳеч кишваре қабул надорад."

ЯК ДАРВЕШ/ A DERVISH

Дориюши Раҷабиён: "Чаро нашавад Қуръонро ба порсӣ хонд?"

"Ба хамон шевае, ки дар соли 733 мелодӣ, мардуми Бухоро, ки аз забони бегонагон гурезон буданд, ба азони порсӣ руй оварданд ва ба намоз нишастанд...

...Куҷои ин сухан (-и устод Зафари Мирзоён) ишкол дорад? Оё забони ъарабӣ муҳимтар аст, ё зарурати расидан ба ҳақиқат?"