Шукурҷон ЗуҳуровЧизи номаълум дар давлати мо бояд дигар набошад

ар асоси қавонини Тоҷикистон ин гуна имтиёз танҳо барои вуруди таҷҳизоти мудерн ба кишвар тааллуқ гирифта ва утубус ба ҳеч ваҷҳ ба ин феҳрист шомил намешавад. Наздики шаш миллион сомонӣ мо онҳоро (ширкати "Осиё Экспресс") аз андозу боҷи гумрукӣ озод мекунем. Онҳо дар бадалаш ба мардум чӣ медиҳанд, ягон сабукӣ медиҳанд? Ин технологияи нав аст? Мошин аст, автобус аст. Ягон даҳ дирам кам мекунанд бурдан ва овардани мардумро? Ин ширкат дар куҷо ҳаст? Аз кӣ аст? Чизи номаълум дар давлати мо бояд дигар набошад."

Қосимшоҳ Искандаров: Толибонизатсияи чомеаи Тоҷикистон шуруъ шудааст?

"Толибон дар миёни коршиносони мо ҳам тарафдор ёфтаанд...бо андеша ва зеҳнияти толибонӣ дар ҷомеъаи мо мардум зиёданд. Ҳамон андешаеро доранд, ки толибҳо доранд, албатта бо баъзе тафовут. Ва дар сурати қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон ин гурӯҳҳо ташвиқ мешаванд ва илҳом мегиранд. Ана ҳамин таъсири ба воситаи Толибон дар Тоҷикистон ташвиқи ҳамин гурӯҳҳои толибмаоб ҳаст, пуштибонии маънавӣ пайдо кардани ҳамин гурӯҳҳо дар наздики сарҳадоти мо аст."

СУҲРОБ ШАРИПОВ: МАРДУМ ДИГАР КАЛӮШ НАМЕХОҲАД

"Мардум анъанаҳои замони шӯравиро, ки вакилон барои ба даст овардани овози мардум калӯш ваъда мекарданд, намепурсад.

Дигар мардум калӯш намехоҳад. Аз сиёсат, фаъолияти судҳо, мақомоти прокуратура, вазъи иҷтимоии ҷомеа, мушиолот дар ин соҳаҳо, сабукиҳои кодекси нави андоз ҳарф мезанад. Барои мардум воқеан ҳам муҳим аст, донад, ки фардо вазъи иҷтимоии кишвар чӣ мешавад. Тоҷикистонро чи вазъе интизор аст."