A quote of the day

Из Послания молодежи президенту Таджикистана Э.Рахмону

"Сегодня в Душанбе цены на продукты почти такие же как и в Москве. Вы создали такие условия, что таджикистанцу легче прожить в Москве, чем в Душанбе. Вы вообще интересуетесь ценами на базаре? Ради интереса можете сравнить их с московскими. В Душанбе сегодня мешок муки стоит 155 сомони ($35), 1 кг растительного масла 12 сомони ($3), 1 кг сахара 7 сомони (почти $2). Как с такими ценами прожить простому таджикистанцу на зарплату в 180-200 сомони ($40)?"

UmmaNews, 29 июня 2011

  A quote of the day

 

"Андеша (дар Точикистон) бӯғӣ шудааст. Сарватҳои табиӣ ва захираҳои модӣ ба сурати нодуруст тақсим шуда ва бархе гурӯҳҳо аз ин норозиянд. Муҳимтарин иштибоҳи ин ҳукумат ин аст, ки ҳарфаш як ҷост, амалаш як ҷои дигар. Ҳар боре, ки дучори мушкил шавад, рӯ ба миллат меорад ва гоҳо ба ислом, шиори миллиро пеш мегузорад, аммо ҳамин ки хараш аз ҷӯй гузашт, боз саргарми кори худ мешавад"

 
                            "Миллат" 
28 июни соли 2011


A quote of the day

Мирбобо Миррахим

 

Миллати пароканда, давлати фурурехта, мардуми гастербайтер...

"Ман як «гуноҳи бузург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануби кишвар «шимолӣ», «ленинободӣ» ва барои шимолиҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфти як сокини Хуҷанд, ки дар моҳи августи соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд: «мастчоҳӣ»)"

"Пайкон",24 июни соли 2011

 A quote of the day

Зайниддини Орифй: Точикистон давлати ноком аст?

 "Ҳукумати Тоҷикистон ба як нерӯи созандаи мухолифин ниёз дорад, таъкид мекунам, ки созанда, на сӯзанда. Чаро ки нерӯи солими мухолифин шабеҳи зангӯлаест, ки гар сиёсати Ҳукумат андаке хато рафт, бонги огаҳӣ мезанад...

 ...Зумрае аз довталабони истиқлолият, ки 20 сол муқаддам дар майдони Озодии Душанбе шабро саҳар карда, истеъфои Ҳукуматро талаб доштанд, алъон заҳри муҳоҷират мечашанд, ё худ сафи гурезаҳои иқтисодиро пур кардаанд"

Tojnews.org, 21 июни соли 2011