BBC|Muhiddin Mahdi|Kabul, Afghanistan

Дайни Шакурӣ бар муддаъиёни ҳувияти Хуросон 

Хабари даргузашти донишманди гаронмоя окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ бисёр таъсировар буд. Шакуриро чандин бор мулоқот карда будам.

Дар соли 1997 ӯ ба китоби ман зери номи "Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ" муқаддимаи олимона навишт.

Эътиқоди он замон маро, ки тасаввур мекардам забони бохтарӣ "модари забони дарӣ" аст, ба оҳистагӣ интиқод кард ва гӯшзад намуд, ки забони бохтарӣ яке аз гӯишҳои забони бузургтаре буда, ки қабл аз тадовули (фаро гирифтани) гӯиши дарӣ дар Хуросон, дар дарборҳои кӯшонӣ ва ҳайтолӣ мутадовил будааст.

Ҳарчанд барои муъаррифии Шакурӣ танҳо муқаддимае, ки ӯ ба китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"-и асари Садриддин Айнӣ навишта, кофӣ аст; аммо аз Шакурӣ даҳҳо асари арзанда дар даст аст.

                                                                                                      Идомаи матлаб >>>