Нобиғае бо садои малакутй 

Устод Барно Исҳоқова: "Тоҷикистон Ватани ман, ҷони ман"

1927 - 2001

Устод Барно Исҳоқова  (Бахмал Бераҳовна Исҳоқова) 12 майи соли 1927, дар шаҳри Тошканди  Ӯзбекистон таваллуд шуда, 7 сентябри соли 2001 дар Исроил вафот карданд. Сарояндаи шуравӣ ва тоҷик, устоди бузурги мусиқии классики ва халқи тоҷик Шашмақом. Хунарманди мардумии Тоҷикистон.

Устод Барно дар шаҳри Тошканд, чумхурии Ӯзбекистон дар хонаводаи яҳудиёни бухороӣ Бераҳу ва Роҳел Исҳоқоваҳо ба дунё омадаанд. Шавҳарашон Исроэл Бадалбоев зодаи Самарқанд. Баъди издивоҷ, аз Тошканд ба Самарқанд кӯч бастанд. Соҳиби панҷ фарзанд: Софья, Ольга, Тамара, Берта ва Роман. Баъди таваллуди фарзанди дуюмашон, бо ахли пайвандонашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) кӯчиданд. Дар Душанбе ба кору эчоду таълими мусиқии классикию халқи тоҷик Шашмақом пайваста машғул буданд.

Солхои тулонӣ дар Филармонияи давлатии Точикистон ва Кумитаи радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон кору эчод машғул буданд. Гули сари сабади миллати тоҷик, ки ишонро хеле дуст медоранд.  Устоди бузурги мусикии классикии Шашмақом на факат дар таърихи Тоҷикистон, балки саросари Осиёи Миёна ва собик Иттиходи Шуравй мебошанд. Мегуянд, вақте ки устод Садриддини Айнӣ садои Барноро гӯш мекарданд, хитоб карданд: "Барно  "Левичаи занҳо" (ба номи Леви Бобохонов ё Левича Ҳофиз, устоди бузурги Шашмақоми Бухоро). Устод Барно ба чандин забон сурудҳо мехонданд.

Дар соли 1992 баъди фурӯпошии Иттиходи Шуравии собик ва сар шудани Ҷанги Шаҳрвандии Тоҷикистон, устод Барно бо оилаи худ ба Исроил кӯчиданд. Накл мекунанд, вакте ки дар вокзали роҳи оҳани Душанбе ишонро ба Исроил гусел мекарданд, устод Барно ҳамроҳи ҳама гуселкунандагон ашк мерехтанд....

"Булбули Тоҷикистон" - Устод Барно бисёр орзу мекарданд, ки ба Точикистон баргашта, бо фарзандон ва шогирдонашон, ба ибораи худашон "базми осмонкафе" доир намоянд...

Нобиға Барно Исҳоқова бо номи нек дар мохи сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамла  даргузаштанд. Устоди бемисли Шашмақоми тоҷикро ҳазорон нафар дустон ва мухлисонашон аз аҳли муҳочират дар гӯристони яҳудӣ "Ҳар ҲаМенухот" (Кӯҳи Марҳумон) дар шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) ба хок супурданд.

Миллати тоҷик фарзандеро аз даст дод, ки яке аз шаҳсутуни неруманди ҳунар ва фарҳанги миллии Тоҷикистон буд ва  ҳамеша хоҳад монд. Ба гуфтаи яке аз шогирдон, "устод Барно чун афсона омаданду чун афсона аз мо рафтанд".