Наврӯзиҳои тоҷикони бурунмарзӣ

December 20, 2020
Ҷашни Наврӯзии Ҷомеаи Тоҷикони Конодо

Имсол ҳам аҳли муҳоҷирати тоҷик дар толори шукӯҳманди тарабхонаи арманиён "Ноаҳ"-и шаҳри азизамон Монтреали Конодо, мақари нахусти бунёди Ҷомеаи ин қавм дар Конодои дурдаст гирдиҳам омаданд. 

Гурӯҳи тадорукоти маҷлиси Наврӯзии имсола дар ҳайати аъзои Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо Саидмуҳаммад Оқилзода, Илҳомҷон Миробидзода, Фаридун Исрофилниё ва аҳли хонаводаҳои ишон ва дӯстони ҳамтақдир барномаи хубу пуршукӯҳи тоҷикиро дар кишвари Конодо таҳия намуданд.

Муҷрии барнома Илҳомҷон Миробидзода ба намояндагӣ аз Ҷомеаи тоҷикони Конодо зимни пазироии намояндагони аҳли муҳоҷирати тоҷикистонӣ ва тоҷикони Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳама ҳозиринро бо ҷашни Бузурги Наврӯз табрику таҳният намуд. Сипас бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи Тоҷикони Конодо Равшани Темуриён аз таърихи ҷашни Наврӯз ва таҷлили он дар сарзамини Конодо сухан карда, ҳамаи аҳли хонаводаҳои тоҷикро бо Иди Бузург Айём - Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфт.

Манучеҳри Оқилзода бо намояндагӣ аз мактаббачагон шеъри "Наврӯзи Тоҷикистони азиз"-ро қироат карда, шоистаи таҳсини ҳозирин гашт.

Баъд, намояндагони аҳли муҳоҷират Мавлуда-бону, Ҳусния-бону, Мавҷигул-бону, Зебо-бону, ҷанобон Исмоил, Рустамбек ва дигарон ҳамватанонро бо ҷашни Наврӯзи дилафрӯз табрик намуданд.

Сипас бо ташаббус ва ширкати гурӯҳи ҳунарӣ таҳти сарварии Саидмуҳаммад Оқилзода барномаи вижаи ҳунарӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи миллат ба намоиш гузошта шуд, ки дар он фарзандону волидайни ишон фаъолона ширкат намуданд.

Ороиши толор ва дастархони Наврӯзӣ аз тарафи хонаводаҳои Ҷомеаи тоҷикони Конодо пуршукӯҳу ҷашнӣ таҳия шуда буд.

Шумораи аҳли муҳоҷирати тоҷик сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Соли оянда созмони аҳли муҳоҷират тасмим дорад макони бузургтареро барои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз интихоб намояд.

Имсол хонаводаҳои тоҷикистонӣ ва тоҷикони дигар манотиқ Наврӯзи дилафрӯзро дар шаҳрҳои бузурги Конодо Монтреал, Торонто, Эдмонтон, Калгарӣ ва Ванкувер таҷлил карданд.

Наврӯзи Самарқандиён дар Филаделфиё


 

Паймона-бону дар дилу дидаи мо

December 20, 2020

Паймона Ҳамдамова: Ёдбуди фарзанди азизи ин миллат дар Конодо

Имрӯз 40 рӯз сипарӣ мешавад, ки Паймона-бону дар миёни мо нест. Эҳсосоти хилват, холигоҳӣ, рӯҳафтодагӣ ҳанӯз ҳам фазои аҳли муҳоҷирати тоҷики Конодоро фарогир аст. Даргузашти нахустин тоҷики Тоҷикистон дар тори...


Continue reading...
 

Happy birthday to you, Abrol-Aka!

March 29, 2018
Рӯзи таваллуд муборак, Аброл-Ака!

Аброр Қаҳҳоров, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Канада

Дуктури улуми иқтисодӣ, профессор Аброр Қаҳҳоров зодаи шаҳри Ҷамбули Қазоқистон. Падаркалони Аброр Қаҳҳоров аз тариқи падарӣ Калонхоҷа Эшонхӯҷаев ва модаркалонашон Саодатпошшо ...

Continue reading...
 

Make a free website with Yola