Nawrouz in Canada

December 20, 2020
Наврӯзи Ҷомеаи тоҷикони Конодо

Наврӯзи Шумо ҳамватанон, бодо шод,
Ҳам зиндагиву хонаву дар бод обод.
Ҳар ҷо, ки бувед ба сафар, ё ба ватан,
Пирӯзӣ ҳамеша ба Шумо хоҳам бод.



Шабнишинии мутантани хонаводагии Ҷомеаи тоҷикони Конодо бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар қалби қитъаи Амрикои Шимолӣ дар торихи 24-уми март дар яке аз толорҳои муҷалали минтақаи Платои шаҳри Монтреал - ресторани "Браво" барпо гардид.

Ҷомеаи тоҷикони Конодо бо ифтихор эълом медорад,  хонаводаҳои тоҷик ва тоҷикистонӣ дар идгардаки Наврӯзӣ бо ҳам сарҷамъу муттаҳид гирдиҳам меоянд.

Дар Наврӯзи имсол хонаводаҳои тоҷик ва тоҷикистонии муқими шаҳрҳои Нйу Ҷерсӣ (Амрико), Оттава, Монтреали Бузург, Лавал, Броссард, Тербон, Розмер (Конодо) ва дигар ҷойҳо ҷамъ омаданд.

Барномаи ҷашнӣ бо садои "Наврӯз омад! Наврӯз омад!"-и тифлакон ва ба саҳна ворид шудани Бобои Деҳқон ва наберааш Баҳор шурӯъ шуд. Кӯдакон ва Бобои Деҳқон ҳамаи аҳли муҳоҷирати тоҷикро бо ҷашни миллии Наврӯз табрик намуданд. Сипас муҷрии ҷашни Наврӯз Илҳомҷон Давронзода барномаи идонаро ботантана ифтитоҳ намуда, суханро ба бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи тоҷикони Конодо Равшан Темуриён дод. Ишон дар бораи суннатҳои ҷашни Наврӯз ва торихчаи он маълумоти мухтасаре дода, зикр кард, ки бо сабаби афзоиши нуфуси муҳоҷирати тоҷикон ва тоҷикистониён Ҷомеаи тоҷикони Конодо соли чаҳорум аст мустақилона ҷамъомадҳои хешро доир менамояд. 

Баъд намояндагон аҳли муҳоҷират ва тарафдорони Ҷомеаи тоҷикони Конодо ҷанобон Исмоилхон (аз тоҷикони Қирғизистони муқими Монтреал), Хусравбек (ба намояндагӣ аз тоҷикони Оттава), оҳангсози машҳури Конодо, Свидан ва Тоҷикистон нобиғаи мусиқии муосир Фарангис Нуруллохоҷа, хонумон Мавлуда-бону, Нигина-бону, Шаҳноз-бону, Насиба-бону, Гулрез-бону (ҳама аз иялоти Квебек) ва ба шумули ҷигарбандону наздикони нобиғаи илму фарҳанги ин миллат аз хонаводаҳои академик Султон Умаров, академик Акобир Адҳамов, устод Зиёдулло Шаҳидӣ, олими иқтисоддон Рустам Мирзоев, устод Ҷӯрабек Муродов ба сухан баромада, ҳамаи азизонро бо ҷашни зеботарини мардумамон Наврӯз табрику таҳният гуфтанд.

Узви Ҷомеаи тоҷикони Конодо Манучеҳр Окилзодаи наврас бо навохтани саксофон ҳозиринро бо Наврӯз таҳният гуфт.

Гурӯҳи "А капелла"-и Ҷомеаи тоҷикони Конодо таҳти раҳбарии д-р Саидмуҳаммад Окилзода дубайтиҳои мардуми Зарафшонро ба хониш гирифтанд. Ба гурӯҳи ҳунарӣ имсол намояндаи яҳудиёни Душанбеи муқими Монтреал, яке аз муасисони Ҷомеаи тоҷикони Конодо ҷаноби Мӯсо Суюнов ҳамроҳӣ намуданд.

Базми Наврӯзӣ бо шеърхониву бозиҳои тифлакон ва мусиқиву пойкубиҳои аҳли маҷлис то дер давом кард.

Дар тӯли 6-соатаи базми Ҷомеаи тоҷикони Конодо сурудҳои Наврӯзии овозхонони тоҷик Нигина Амонқулова, Иззат Шарифӣ, Шабнам Сурайо ва дубайтиҳои шоири номдори муҳоҷири тоҷик Абдуқодир Алавӣ таҳти унвони "Наврӯзномаҳо", ки тоза барои миллат офаридаанд, танинандоз буд. 

Наврӯз биё, ки мо саногӯи туем,
Солест, ки мо мунтазири рӯи туем,
Наврӯз! Ба мо муждаи наврӯзӣ деҳ,
То соли дигар боз дуогӯи туем.


 

Happy Nawrouz

December 20, 2020
Наврӯз муборак, дӯстон!


Dear Friends,

Let's make our Nowruz celebration a happier one by spending it together. Wish you a more than ever Happy Nowruz!

Дӯстони азиз!

Биёед ҷашни Наврӯзро бо ҳам шодтару пуршукӯҳтар истиқбол бигирем.

Ба шумо Наврӯзи аз ҳама хушнудтарин таманно дорем!

Дорогие друзья!

Пусть будет наш праздник Навруз сча...

Continue reading...
 

Happy New 2019 Year!

December 20, 2020
Соли Нави 2019 муборак!


Соли 2018 ба торих мубаддал мешавад. Соли сипаришуда соли хубе барои ҷамъияти тоҷикони Конодо буд. Ҷамъият рӯ ба афзоиш аст. Сол ба сол сафи аҳли муҳоҷирати мо бузургтар мешавад. Ҷомеаи мо саҳми арзандаи хешро дар шугуфоии Конодои азизамон мегузорад. 

Бо ...

Continue reading...
 

Make a free website with Yola