Nawrouz with Maestro Dilbar

December 20, 2020
Ҳар рӯзатон Наврӯз, 

Наврӯзатон пирӯз!



Дар авҷи бозгашт ва ё "Бозии бод дар соҳили сабз"

Муруре ба консарти пионунавози бузурги тоҷик 

Дилбар Ҳакимово дар авҷи эҷодиёташ, пас аз даҳ сол ба Эрон бозгашт. Дар шабе, ки шукӯҳашро намешуд пешопеш ҳадс зад, ҳамаи тавоноиҳои пештар шинохташудаашро фаротар аз марзҳои пешин бурд ва худашро дар қолаби истондордҳои тозае боз таъриф кард. Ҳакимово дар ҷойгоҳи як пионисти беш аз ҳар чиз зарофат ва идроки жарфҳои мусиқӣ дошт. Аввалӣ, дар иҷрои ахири на танҳо боқӣ, ки сатҳи тозаболида буд, махсусан дар иҷрои қитъаҳои поёнӣ, этуд ва фонетрии “Кабӯтари сулҳ” (бар асоси теми аз Мухтор Ашрафӣ)-и асари худаш. Ва дуввумӣ, низ ки тафсираш аз Шупен ва Лист ба авҷ расид, ҳамчунин. Ин ду кайфият фориғ аз шиддаташон дар ин иҷрои хоси пеш аз ин ҳам дар кори Ҳакимово шинохташуда буд он чӣ комилан тоза менамуд, дастёбии ҳамзамон ба ҳар ду ва таъодули беназире буд ки миёни онҳо дар дар лаҳза-лаҳзаҳое иҷро барқарор шуд.

Садодиҳии пионуи қадимии толори “Рӯдакӣ” зери ангуштони ӯ комилан дигаргун шуда ва яке аз беҳтарин садоҳое, ки дар солҳои ахир аз ин пиону шунидаем, шунида мешуд. Инро ҳангоме мешуд бештар дарк кард, ки навозанда сабки иҷроишро бинобар сабки қитъаҳое, ки менавохт (аз борук то румонтик) тағйир медод, яъне дар айни ҳифзи садодиҳии кулии Ҳакимовоии вориюсунӣ (вариационный) аз онро мутаносиб бо қитъа, оҳангсоз ва давраи мавриди назараш истихроҷ мекард. Авҷи ин тавоноиро мешуд дар убур аз портитҳои “Си бемол мажор”-и Бох ба “Ду парлуд ва мажор”-ҳои Шупен ва аз он ҷо то этуди “Крумотик” дар “Фо минор”-и Фронс Лист ёфт ва дар дил эътироф кард, ки ӯ дар канори ҳамнигаҳдоштани ин репертуари гуногун ва иҷрои ҳамаи онҳо дар сатҳи олӣ устод аст.

Агар то ин ҷо вижагиҳои навозандагӣ ва он чи иҷро шуд, барои мехкӯб кардани ҳамаи шунавандагони аз ғизо ағлаб мутахассис кофӣ набуд, рафта-рафта бо наздик шудан ба поёни риситол (консарт) (ба вижа дар ду қитъаи биз) пардоз баста, бозаи динамикии ба ростӣ эъҷобовари навозандагии ӯ (махсусан тавоноиаш дар иҷрои шаффоф ва хушсадои шиддатҳои фавқуллода кам), парда аз як вижагиии ин навозанда бармедошт.

Дилбар Ҳакимово пионисте аст, ки ба садои ҳамчун унсури мунфаред дар зоти худаш меандешад, онро ба ҷон мепарварад ва дар ин роҳ то марзи мӯъҷиза пеш меравад.


Орвини Садоқаткеш

(Акс аз Меҳрдоди Аминӣ)

 

Honourable Ferouziddin Feroz: Respect to community

December 20, 2020
Занги ғайримунтазираи шомгоҳӣ аз дӯст

15.11.2019

Мӯҳтарам ҷаноби д-р Фирӯзиддин Фирӯз, вазири сиҳати омма (беҳдошт/тандурустӣ)-и Афғонистон зимни як тамоси телфуниашон аз кори фарҳангие, ки дар миёни аҳли муҳоҷирати Конодо анҷом медиҳем аз Ҷомеаи тоҷикони Конодо  ва тарафдоро...


Continue reading...
 

Federal Election and Tajik community

December 20, 2020

Дӯстони ҳамтақдир, тоҷиктаборони Конодо!

Рӯзи душанбе, 21-уми октябри соли равон интихоботи федеролии кишвари азизамон Конодо баргузор мегардад. Ҳамчун асосгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷики Конодо аз ҳамаи Шумо, азизон, хоҳиш мекунам, дар интихоботи умумимиллии Ватанамон ши...


Continue reading...
 

Make a free website with Yola