Андрей Марков ё Пи Кэй Суббан? Русия ё Канада?
Қисмати I


Барои
мардум ва кишвари мо, Канада, бозиҳои зимистонии Олимпӣ хеле муҳим аст. Хоса тасмими хирадмандонаи NHL – Лига Миллии Ҳокӣ, обрӯмандтарин ва нерӯмандтарин созмони ҳокии ҷаҳон пайвастан ба бозиҳои Олимпии Сочӣ барои мардуми ҷаҳон, ки бозии ҳокиро дӯст медоранд, хеле муҳим ба шумор меравад.

Дар ин мақола мехостам ҳаводорони ҳокиро бо ҳайати дастаҳои дошталаб барои ҷоизаҳои бозиҳои Олимпӣ шинос намоям. Ба назари мо, дастаҳои милии кишварҳои Канада, Шветсия, Русия, Финландия, ИМА, Словакия ва Шветсария барои ҷоизаҳои Олимпӣ талош хоҳанд кард.

Аз назари бозигарон ҳайати тими миллии Канада хеле нерӯманд ва номдор ба шумор меравад.

Аз раҳбарияти тими миллӣ шурӯъ намоем.

Ҷэнэрал мэнэҷери даста Стив Айзерман, ки раҳбарии тими «Тампа Бэй»-ро бар ӯҳда дорад. Дар Лига Миллии Ҳокӣ обрӯ ва манзалати калонеро дороаст.


Сармураббӣ Майк Бабкоук, мураббии дӯстдоштаи мо, ки дастаи пурқуввати «Детройт»-ро машқ медиҳад. Дар бозиҳои гузаштаи олимпӣ дар Ванкувер маҳз бо сабаби Бабкоук тими Канада қаҳрамон шуд. Истеъдоду корбарии Майк Бабкоук маро ба ёди зиндаёд мураббии барҷастаи футболи шӯравӣ Валерий Лобановскии «Динамо» Киев мебарад.

Мураббии дуюм, Кэн Ҳичкоук сармураббии тими бақудрати «Сан-Луиз», стротеги хирадманд.


Мураббии сеюми дастаи миллии олимпӣ Клод Жулиен, дӯстдоштатарин мураббии тими Лига ва сармураббии рақиби асосии тими мо «Канадиэнз» - «Бостон Бруинз».Ҳар боре ки чашмам ба Клод Жулиени квебекӣ меафтад, ҷигархун мешавам. Ӯро чанд сол пеш ноҷавонмардона аз тими «Канадиэнз» фаронсавизабонони худаш квебекӣ аз вазифаи сармураббӣ барканор карда буданд. Лекин тими «Бостон» ӯро ба ҳайси сармураббӣ пазируфт ва иштибоҳ накард. Соли 2011 Клод Жулиен ва «Бостон»-и ӯ соҳиби Ҷоми Стэнлӣ шуд! «Канадиэнз»- и мо то ҳол аз соли 1993 наметавонад Ҷоми Стэнлиро бибарад. Мардум то ҳол рафтори ноҷавонмардии Боб Гэйни, Ҷэнэрал мэнэҷери «Канадиэнз»-ро фаромӯш накардаанд, ки бо барканории Клод Жулиен аз вазифаи сармураббии «Канадиэнз» умеди мардумро бар бод дод.

Мураббии чаҳорум Линди Раф, сармураббии дастаи «Даллас». Худи Раф зодаи иялоти Албертаи Канада. Мураббии донишманд ва барандаи ҷоизаи беҳтарин мураббӣ дар Лига Миллии Ҳокӣ дар соли 2006.

 Акнун аз бозигарон ҳарф занем.


Сиднӣ Кросбӣ зодаи соли 1987, шаҳри Ҳалифакси иялоти Шотландияи Нави Канада.
Ӯ аз 15-солагӣ худашро ба унвони ситораи ҳокии рӯйи ях матраҳ кард. Кросбӣ дар бозиҳои Олимпии қаблӣ бо задани гули пирӯзии бахши Конодо ба Омрико дар вақтҳои талафшуда медоли тилои бозиҳои Ванкуверро ба урдуи тимаш бурд. Капитани дастаи миллии Канада дар соли 2007 номзад қарор гирифтан дар миёни сад чеҳраи таъсиргузори маҷаллаи "Таймз" буд. Ӯ дар соли 2010 гаронтарин қарордоди таърихро бо ширкати "Рибук" имзо кард, ки солона як милюну чаҳорсад ҳазор доллар пардохт менамояд. Капитани командаи пурзӯри “Питзбург Пингвинз”-и NHL – Лига Миллии Ҳокӣ барои мавсими ҷорӣ ва 2014-2015 12 миллион доллар солона маош дорад. Ҳамлагари марказии дастаи ҳокӣ шахси бисёр бофаҳм ва баодоб аст. Охирин рафтори Сиднӣ, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба чашмам хӯрд, бори дигар аз ахлоқу одоби ҳамидааш гувоҳӣ дод. Вақте ки Ҷенерал Мэнэҷер, сармураббӣ ва мураббиёни тими милии Канада ба ӯ пешниҳоди капитани дастаи кишварро пешниҳод намуданд, Сиднӣ Кросбӣ нахуст аз раҳбарони тими олимпӣ пурсон шуд: «Шумо дар ин бобат бо Ҷонаттан Тивз маслиҳат кардед?» Ҷ. Тивз капитани яке аз тимҳои беҳтарини лига «Чикаго Блэкҳоукз»- ИМА.
Ҷонаттан Тивз мутаваллиди соли 1988, шаҳри Винипеги иялоти Манитобаи Канада, ҳамлагари марказӣ. Қарордоди кориаш маблағи 6,5 миллион доллар дар сол аст. Истеъдоди ҳокӣ. 
Аз тими дӯстдоштаи банда «Монтреал Канадиэнз» ду нафар дар ҳайати дастаи олимпӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Инҳо ҳам дарвозабони баистеъдод Кэрӣ Прайс ва муҳофизатгар Пи-Кэй Суббан.

Кэрӣ Прайси 25 сола зодаи иялоти Бритиш Колумбия мисли тоҷикон аз қавми бостонӣ аввалин мардуми рӯи дунё «нэйтив»-ҳо қавми ҳиндуҳои Канада мебошад. Маблағи қарордодаш бо «Канадиэнз» ҳудуди 6,5 миллион доллар солона аст.

Муҳофизатгари ҷавони сиёҳпӯст Пи Кэй Суббани 25 сола зодаи шаҳри Торонто, «ноздона»-и на фақат «Канадиэнз», балки тамоми Лига Миллиии Ҳокӣ ба шумор меравад. Муҳофизатгари хеле баистеъдод ва чолок.Ҳоло қарордоди дусолааш, ки беш аз 3,5 миллион доллар буд, ба охир мерасад. Ҳоло агенташ бо Ҷэнэрал мэнэҷери «Канадиэнз» Марк Бержевин дар бораи контракти нави дарозмуддат музокираҳои паёпай дорад. Ҳанӯз ду тарафи музокиракунанда ба натиҷае нарасидаанд. Тибқи баъзе манобеъи бохабар, Суббан пофишорӣ дорад, ки контракташ аз 8 миллион доллар камтар набошад. Мушкил дар ин аст, ки қарордоди муҳофизатгари дигари барҷастаи «Канадиэнз» ва Лига Андрей Марков низ ин тобистон ба охир мерасад ва ӯ низ дар ҳоли музокира бо Бержевин аст. Қарордоди Марков сесола ба маблағи 17, 5 миллион доллар буд. Маоши солонаи ишон 5 миллиону 750 ҳазор доллар дар як сол буд. Аммо тавре ширкати телевизионии «Ти-Эс-Эн» мегӯяд, маблағи тим барои хариди ҳар ду муҳофизатгари гаронбаҳо камӣ хоҳад кард. Аз эҳтимол дур нест, ки Маркови 35-сола ба дастаи дигаре фурӯхта шавад. Ин хабар барои мухлисони «Канадиэнз» мисли зарбаи корд дар қалбашон хоҳад буд. Буҷаи солонаи ҳар як дастаи Лига 71 миллион доллар аст. Ҷолиб аст, ки Суббан аз замони бачагӣ ҳокибози дӯстдоштааш Андрей Марков буд. Мисле, ки дар футбол Фрэнк Риберӣ дар замони кӯдакӣ футболбози дӯстдоштааш Зайниддин Зидан буд. Ва бовараш намеомад, ки рӯзе бо Зидан дар як даста бозӣ хоҳад кард. Суббан ҳам бовар надошт, ки бо Андрей Маркови устоди ҳокӣ дар як хат дар тими хуби «Канадиэнз» бозӣ хоҳад кард.

 Поёни қисмати I