Қазияи Зайд Саидов: 29 сол! 

Ахиран додгоҳи "демократӣ"-и Точикистон олигархи тоҷик Зайд Саидовро ба 29 сол зиндони шароити боздошташ сангин фиристода, ҳамзамон талаву тороҷи сарватҳои  ишонро ба роҳ мемонад…

Мақолаи таҳлилии коршиноси сомонаи мо дар робита ба қазияи Зайд Саидов ду сол қабл ба нашр расида буд ва хулосаву пешгӯиҳо дар мақола дар ин рӯзҳо аз тарафи додгоҳи беинсофи режими худкомаи аз худ рафта  бори дигар тайид шудаанд.

Ravshan Temourian | Montreal, Canada
 

Nigel Wright and Zayd Saidov: What do they have in common?

Вақте ки дар Душанбе нақшаҳои амалӣ кардани “калтакнишондиҳӣ”-и ниҳодҳои қудратӣ аз атрофиёни президент Э.Раҳмонро дар баробари соҳибкори тоҷик Заӣд Саидов баррасӣ мекарданд, ишон дар меҳмонсарои Нов Oтел Эсти шаҳри Парижи Фаронса, варзишгарони тими миллии тенниси рӯи мизро ба ғизои шом даъват карда буд. Дар сари дастархони пур нозу неъмати фаронсавӣ Заӣд Саидов орому ботамкин бо ҷавонони варзишгари тоҷик суҳбати дӯстона меорост. Ҳама аъзои тими миллии Тоҷикистон хабарҳои даҳшатафкани ҳукумати ҷаноби Раҳмонро дар сари ғизои шом дар қалби Урупо зӯран ҳазм карданӣ мешуданд. Ҳама бо чашмони маҳзун ба раҳбарашон дида медӯхтанд.

Ҳамзамон дар шаҳри Оттава, поӣтахти Канада нисфирӯзӣ фаро мерасид ва дар парламони кишвар ҷанҷоли сиёсие алаӣҳи ҳукумати сарвазири ин кишвар Стивен Ҳарпер ва ҳизби муҳофизакори ӯ оғоз шуда буд. Ҳама ҷанҷол аз он сар шуда буд, ки Маӣк Даффӣ, як тан аз рузноманигорони машҳури кишвар, ки чанд сол пеш аз тарафи сарвазир узви сенати Канада таъин шуда буд, ҳаҷми масрафи шахсии сенаториро аз будаш зиёд нишон додааст. Матбуоти демокаратии Канада аз манбаъҳои наздик ба комисюни ахлоқ ва муҳосиботи парламон дарёфт мекунанд, ки Маӣк Даффӣ беш аз 90 ҳазор долларро гаӣриқонунӣ ба ҷаӣби шахсӣ задааст. Вақте ки комисюни парламонӣ аз сенатор Даффӣ талаби бозгардонии 90 ҳазор долларро мекунад, сенатори ҳизби ҳукмрон ба назди дӯсташ Наӣҷел Ураӣт, ки раиси дафтари сарвазири Канада аст, рафта, аз ӯ хоҳиш мекунад то ба ишон кӯмак намояд. Наӣҷел Ураӣт, ки қалби поку беғуборе дорад, саховатмадона аз суратҳисоби шахсии худ як чекеро ба маблағи 90 ҳазор доллар ба номи Маӣк Даффӣ имзо мекунад. Урайт вақти ба Даффӣ содир намудани чеки бисёрҳазордоллара фаромӯш карда буд, ки ӯ раиси дафтари сарвазир ва ҳамҳизбии сарвазир буда, Даффиро сарвазир ба сенат таъин кардааст. Яъне ин ҷо бархӯрди манофеъ ба назар мерасад, шаккеро ба вуҷуд меорад, ки ин пул сенаторро барои тарафгириаш дар сенат водор созад. Ин ҷо аҳзоби оппозисюн алаӣҳи сарвазир дар парламон ба по хестанд.

Субҳи рузи дигар дар Душанбе, поӣтахти Тоҷикистон, “садо”-и ҳукумати Раҳмон раиси Идораи зидди фасодкорӣ Фаттоҳ Саидов изҳороти як рӯз қабли худро комилан тағйир дода, бидуни рӯйсурхӣ ба хабарнигорон эълон кард, ки ҳукумат алайҳи Зайд Саидов ягон парвандае боз накардааст(?!). Албатта, ин садои бомдод “дом”-е буд барои ҳарчи зудтар баргардондани Зайд Саидов ба дасти “калтакдорон”-и ҷаноби Раҳмон.

Ҳамзамон дар Оттава шом наздик мешуд. Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер ҳамоно аз раиси дафтараш ҳимоят мекард. Зеро ӯ яқинан медонад, ки Наӣҷел, ки яке аз соҳибкорони бисёр нерӯманд ва ба ақлу идроки Канада аст, ба хато роҳ намедиҳад. Найҷел хислатҳои наҷиби инсонӣ дорад. Ҳама медонанд, ӯ ҳар субҳи барвақт соати 4:00 аз хоб бедор шуда, ҳар руз масофаи 20 километрро давида, бомдод ба сари кораш нерӯмандтарин идораи давлатӣ - дафтари сарвазири Канада ҳозир мешавад.  Воқеан аз пайвастани Найҷел Урайт ба тими сарвазир ҳамагӣ ду сол пур шуда бошад ҳам, маҳз раҳнамоии ишон буд, ки Канада мисли Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва аксари кишварҳои Урупо ба бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ ғӯта назад. Як нафар аз ҳамсинфони мактабии Найҷел Урайт дар бораи хислатҳои наҷиб ва истеъдоди кории ишон ҳарф зада, изҳор дошт: “Ҳама дӯстони бачагиаш мегуфтанд: “ Бо чунин ақлу фаросат ва истеъдод Найҷел рӯзе ё Раиси Додгоҳи Олии Канада ва ё сарвазири Канада хоҳад шуд”.

Дар Канада орзуи сарвари ҳукумат дар дил парваридан гуноҳе нест. Аммо дар Тоҷикистони нимафеодалӣ ва нимағуломдорӣ маълум мешавад, ки ҳатто лаб во кардан аз нияти таъсиси ҳизби марказгарои сиёсӣ гуноҳе будааст азим.

Ҷолиб аст, ки Найҷел мисли Зайд дар эстаблишменти қудрат ҳаргиз худнамоӣ намекард. Хоса, дар бораи Найҷел мардуми Канада то сар задани ҷанҷоли парламонӣ касе чизе намедонист. Ӯ тӯли ду сол ҳамеша дар сояи сарвазир қарор дошт ва ишонро чун маъмури қатории давлатӣ мепиндоштанд. Зайд ҳам замони вазириаш ҳамеша кӯшиш мекард дар плани дуюм бошад. Хоксории инсонии Найҷел ва Зайд ҳамсонанд. Ҳар ду ҳам бисёр мехостанд ва мехоҳанд барои кишварашон хидмате бикунанд.

Наздиктарин инсонҳо, хонаводаи мӯҳтарамаш, дӯстони беғараз ва ҳатто хаӣрхоҳонаш аз сохторҳои қудратӣ дар Душанбе аксарият хоҳишу илтиҷо доштанд, ки Заӣд ба Тоҷикистон барнагардад. Дӯстонаш аз Урупо ва Америка бо доираҳои ҳукуматии як қатор кишварҳои Ғарб дар тамос шуда, дар атрофи масъалаи Заӣд Саидов машваратҳо доир менамуданд. Намояндагони кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва ИМА аз вокуниши хашмгинонаи ҳукумати Раҳмон ангушти ҳаӣрат газида, изҳороти ахири ишонро дар рӯ ба рӯи раҳбарият ва мардуми мамолики узви Иттиҳодияи Урупо дар бораи озод ва шаффоф барпо намудани интихоботи ояндаи раёсати чумҳурии Тоҷикистон ба тарозуи ақл мекашиданд.

Зайд ҳама буду шудаш ва ба гуфтаи худаш, “аз нӯги сӯзан, бо меҳнати ҳалол” пайдо кардаашро ба иқтисоди Тоҷикистони азизаш сармоягузорӣ кард. Ҳамаи 20 миллион доллари америкоиро!

Парламон ва матбуот ташнаи мулоқот бо Найҷел Урайт буд. Аммо Найҷел сарфи назар аз пуштибонии сарвазири кишвар, тасмим гирифт, бо хоҳиши хеш истеъфо диҳад. Найҷел намехост сарвазир Стивен Ҳарпер ва ҳизби ҳукмрон зери сояи ин моҷаро обрӯи худро миёни интихобкунандагон аз даст диҳад. Ӯ тасмими худро гирифт, аз мансаби нерӯмандтарини давлатӣ, ки дар асл он баробари муовини сарвазир буд, истеъфо дод.

Заӣд Саидов дар назди қасри боҳашамати Плас Версайи Париж истода кӯшиш мекард, тафаккурашро дар атрофи мавзӯъоти мусбат тамаркуз намояд. Ӯ ҳануз тасмими ниҳоӣ нагирифта буд. Ҳамон рӯз раҳбарони аҳзоби оппозисюни Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров ва Раҷаби Мирзо зимни пахши изҳороти худ аз Заӣд Саидов даъват карданд, ки ишон ҳатман бояд ба Тоҷикистон баргардад то аз бегуноҳии хеш дифоъ намояд. Ин ду изҳорот Зайдро тақрибан ба бозгашт далолат намуд. Баъди огоҳ шудан аз тасмими Зайд Саидов як таҳлилгари умури сиёсии минтақа наздик ба ҳукумати ИМА бадоҳатан хитоб кард: “Аз бегуноҳии хеш дар назди системаи нимафеодалии диктатурӣ дифоъ намудан, мисли “ба гӯши хар “Қуръон” хондан аст”.

Найҷел дастпарвари донишгоҳҳои Торонто ва Ҳарвард, як шахси хеле босавод ва кордоне, ки як кишвари бузурги пешрафтаи ғарбро аз пушти парда идора менамуд ва ба мардумаш ғамхорӣ мекард. Нашрияи шумораи аввали Канада “The Globe and Mail” тахмин мезанад, ки маоши Найҷел Ураӣт баробари муовини сарвазири Канада на камтар аз 320 ҳазор доллар дар як сол будааст. Найҷел чашмони сере дошт ва бештар ба давлату мардуми Канада холисона хидмат кардан мақсади ӯст.

Зайд ҳам аз Найҷел камӣ надошт.Ӯ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ватанаш ба Маскав омада соҳибкориро пеша кард ва дар як муддати кӯтоҳ ба магнати нерӯмандтарини тоҷик табдил ёфт. Вақте ки созишномаи чаласулҳи тоҷиконро имзо карданд, бо пешниҳоди раҳбари оппозисюн ишон ба маснади раиси кумитаи ва баъдтар вазири саноат пазируфта шуд. Заӣд ба сулҳи тоҷикона боварӣ намуда, тамоми сармояашро ба иқтисоди ватанаш ҷалб намуд. Зеро вай бовар дошт, ки мақсади Э.Раҳмон ва ҳукумати ваӣ мисли худи ӯ (Заӣд) миллатро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба ватани ҳамаи мардуми инҷо табдил додан аст. Аммо пас аз чанд вақт аз тарзи корбариву рафтори раҳбарият ва муҳити аслии кишвар огоҳ шуда, Заӣд мисли дигар аксари ҳамватанонаш дарк кард, ки дар ватани худ мисли муҳоҷир аст. Як гурӯҳи ҳоким соҳиби ин ватан буданду гурӯҳи дигар хидматгори ин соҳибони ватан.  Ва аммо ӯ хатои ҷиддӣ намуд. На як бор, балки ду дафъа. Бори аввал вақте ки сармояашро пурра ба Тоҷикистон кашид, ва дафъаи дуюм, дирӯз вақте ки аз Париж ба Душанбе барои заҷр кашидан дар таҳхонаи зиндони ҳукумати Раҳмон баргашт.

Найҷел мисли мошин аст, мегуфт яке аз ҳамкоронаш. Шахсе, ки ҳар рӯз 20 км медавад, чӣ қудрати худро контрол кардан дораду чӣ қудрати кору барномасозӣ.

Заӣд субҳи барвақти 17 маӣ аз "Нов Отел Эст"-и Париж қабл аз утоқашро таслим намудан, ба дӯсти наздикаш, ба як кишвари ғарбӣ телефон кард.

Гуфт: “Меравам.”

Он дӯсташ гуфт: “Касе, ки ба арсаи сиёсат қадам мемонад, қудрати худро бояд бидонад ва барои мақсадҳои олӣ дар зиндагӣ барои мубориза омода бошад. Тасмим аз туст” -, шунида шуд аз гӯшии телефон.

Зайд боз суол кард аз ӯ: ”Назарат чист?”

Дӯсташ посух дод: “Барои озодӣ бояд талош кард. Он вақт озодӣ қадр паӣдо мекунад. Аммо ин ҳам маълум аст, ки туро аз дохили ҳавопаӣмо ба зиндон назди Маҳмадрӯзӣ мебаранд, инро бояд худат андеша намоӣ…”

Заӣд лаҳзае хомӯш монд ва баъд ботамкин ва оромӣ гуфт: “Ман рафтам, ки дар Ватанам озод бошам!”

Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер шахси хеле боақлест, ӯ ошкорбаёнии Найҷел Ураӣтро мушоҳида карда, дарк мекард, ки ёвараш хеле босалобат ва хатарнок аст, аммо ишон намехост, ки дар атрофаш Найҷелҳо зиёд бошанд. Барои ҳамин ҳам ҷаноби Ҳарпер мехост дар тимаш танҳо як Найҷел дошта бошад. Аъзои тими сарвазири Канада мегӯянд, ки ҷаноби Урайт бо Стивен Ҳарпер хеле ошкоро ҳарф мезанад, вале ҳамеша кӯшиш мекард, ки аз ҳад нагузаронад. Сарвазир суханони Найҷелро ҳамеша ҷиддӣ қабул мекард. Ишон ба ақлу заковати Найҷелро эҳтиром мегузошт, зеро ақлу заковати Найҷел аз худситоӣ орӣ буд.

Дар дохили ҳизби муҳофизакор аксарият амали саховатмандии Найҷел нисбат ба сенатор Даффиро ҳамду сано мехонанд, аммо баъзеҳо дар сӯҳбатҳои маҳрамона изҳор медоранд, ки ин рафтор иштибоҳи бузурги Найҷел дар қазоват. Сарвазир Ҳарпер ҳанӯз дар бораи саховатмандии Найҷел огоҳ нашуда, як тан аз узви ҳизби сарвазир гуфт: “Чӣ тавр одамеро, ки 90 000 доллар пули шахсии худро барои кӯмак ба ҳукумат медиҳад, аз кор меронӣ?”

Эмомалӣ Раҳмон як Заӣд Саидовро таҳаммул карда натавонист. Чӣ ҳоҷати гап дар бораи чандин Заӣдҳо. Президенти Тоҷикистон чӣ тавр шахсеро, ки бо нияти пок ва саховатмандиву хештандории бузург 20 миллион доллар (!!!) сармояи шахсии худро ба иқтисоди давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, ба зиндони кумитаи амният меандозад?

Интихоботи оянда дар Канада дар соли 2015 барпо мегардад. То он замон ду сол вақт мондааст. Таҳлилгарони канадаӣ мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки Найҷел Урайт боз дар тими пеш аз интихоботии сарвазир Ҳарпер падид ояд. Баъд аз 13 соли кор дар ширкати шахсии нерӯмандтарини Канада “Onex” барои Найҷел пул масъалае нест. Ба фикри мо, ягон вазифа ӯро қаноатманд карда наметавонад, ба ҷузъ мансаби давлатӣ. Зеро Найҷел дар шакл додани кишвар саҳм дошт. Вақте, ки дар шаклдиҳии мамлакатат, ки яке аз кишварҳои пурқуввати ҷаҳон ба шумор меравад, саҳм мегирӣ, ин маънои дар шаклгирии дунё саҳм гирифтанро дорад.

Заӣд Саидовро дар соли 2006 аз саҳмгирӣ дар шаклгирии кишвараш дур сохтанд. Ӯ ҳам ба ширкати шахсиаш баргашт. Пул, сармоя барои ӯ ҳам мушкиле набуд. Вай мехост мустақим чун як сиёсатмадор дар шаклгирии Ватанаш саҳм дошта бошад. Заӣдро нагузоштанд, ки ин корро анҷом диҳад.

Тоҷикон мегӯянд, ки сиёсат кори ифлос аст. Аммо, мебахшед, сиёсатро одамони на чандон тоза ифлос кардаанд. Сиёсат аслан ахлоқ аст. Он оӣинаест дар рӯ ба рӯи ҷомеа ва он каҷу ифлос буда наметавонад. Онро баъзе сиёсатмадорон ифлос кардаанд. Сиёсатро дар Тоҷикистон он қадар ифлос кардаанд, ки як қисми насли ҷавон, ки мо онро насли давраи сангакӣ-кенҷаевӣ медонем, фикр мекунад, ки ҳамин рӯзгори 23-солаи давраи феодалӣ-патриархалии сангакӣ-кенҷаевии хонаводагӣ зиндагӣ ҳисоб мешаваду халос. Касе намехоҳад иқрор шавад, ки ҳоло садаи 21 муосир аст. Миллатҳо дар 5-10 соли ахир давлати мустақилу инсонпарвар эъмор намуда, ба Иттиҳодияи Урупо шомил шуданд, баъзеҳо давлат шуданд, на мисли дигарон заминҳояшонро ба тарака гузошта, миллатро хору залил намуда, ва ё касе дар дунё: “Ҷаноби олӣ, ош шавад, шигрона кунем, сварка кардагӣ, подшаҳи мо” гуфта, фарёд намезанад, ва худро ба лаҳад ҳам намедарорад. Ба лаҳад даромадан барвақт аст. Тоҷикистонро, давлатдории тоҷикро бояд барқарор кард, аз сиёсати ғайримаслакӣ ва тафаккури пасти хешпарвариву музофотпарастӣ бояд раҳо кард. Ва мақсади аслии Заӣд ва тарафдорони ҳизби "Тоҷикистони Нав"-и ӯ ҳам ҳамин аст.