Равшани Темуриён | Монреал, Канада

"Тоҷикистони Нав" дар Шотландияи Нав!

Профессор Аброл (Аброр) Қаҳҳоров ба синни мубораки 80 қадам мениҳанд.

Аброл-акаро 17 сол пеш аз тариқи Интернет пайдо кардам. Ишон ҳам мисли мо дар Конодо, каме дуртар аз мо, дар шаҳри Торонто зиндагӣ мекунанд. Аз сӯҳбату дидорҳо ҳис мекардам, ки ин абармарди илму мутахассиси сатҳи ҷаҳонии умури истихроҷи тилло барои мо, тоҷикон гуфтаниҳои зиёде доранд.
Дар бораи Аброл-ака соатҳо нақл карданам мумкин. 
Ишон инсони шариф, донишманди фарҳехта, шахси нуктасанҷ, бовиждон, падар ва падаркалони хубу ноз. Агар дар дунё чанд мутахассиси соҳаи истихроҷи тилло бошанд, якеашон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Аброл Қаҳҳоров мебошанд. Дар қатори профессор Қаҳҳоров дигар коршиносони сатҳи худашон президент Осиф Алӣ Зардорӣ аз Покистон ва профессор Эдвард аз Гаяна ва чанде мутахассисони ангуштшумори ҷаҳонӣ  қарор доранд.
Аз рӯзҳои аввали дӯстии мо, маълум шуд, ки Аброл-ака аз тарафи модарӣ аз ӯзбекҳои водӣ ва аз тарафи падаркалони қиблагоҳашон тоҷики Уструшанӣ ҳастанд. Ишон мегӯянд: "Барои мардуми тарафи модарӣ мо хидматҳоеро анҷом додем, аммо дилам бисёр мехоҳад, ба миллати падаркалони обрӯмандам Калонхӯҷаи Уструшанӣ дар хидмат бошам."
Мо ҳамроҳ бо Аброл-ака дар муҳоҷирати тӯлонӣ, кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додем то дар ҷое дар Конодо шаҳракеро барои тоҷикон бунёд намоем. Нахустин лоиҳаи мо дар иялоти Юкони Конодо дар шафати Аласкаи Омрико буд. Мо ҳайатеро таҳти раҳбарии Аброл-ака ба иялоти Юкон фиристодем. Ишон бо сарвазири иялот мулоқот намуда, барои ин лоиҳа 300 ҳектар заминро, ки худи Аброл-ака таҳқиқ намуда, интихоб карда буданд, ихтисос доданд. Ин замин пур аз маъданҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло буд. Заминҳо, ки дар Юкон садсолаҳо бекор хобида буданд, баъди омадани профессор Қаҳҳоров якбора "соҳибон"-ашро пайдо кард. Хитоиҳо шуниданд, ки коршиноси аввали истихроҷи тилло дар ҷаҳон 300 ҳектар заминро дар Юкон соҳибӣ кард, ҳама мисли мӯру малах тамоми заминҳои гирду атрофи Аброл-акаро харид намуданд. Мо, дар аввал фикр доштем, ду пружаи дигарро дар ин замин пиёда намоем: Яке лоиҳаи меҳмонхонаи хурде барои 15-30 нафар бо ресторан ва дигаре майдончаи ҳавоӣ барои чархбол. Таҳти ин ду пружа бояд ду хонаводаи тоҷики сармоягузор пайдо мешуд ва онҳо дар зарфи ду сол қонунӣ муқими давлати Конодо мешуданд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ҳам зиёд набуд барои ин ду пружа. Аммо талошу кӯшишҳои мо барои пеш бурдани идеяи "Тоҷикистони нав" ба бунбаст овард. Бар замми ин мушкилот, вазъи обу ҳавои Юкон, ки зимистони қаҳратунаш 5-6 моҳро фаро мегирад, барномаи мо - бунёди "Тоҷикистони Нав" дар Конодоро ба таъхир андохт.
Баъди чанд соли дар ҳолати пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳо, Аброл-ака ва тими мо боз ба идеяи бунёди `Тоҷикистони Нав дар Конодо" баргашт. Чанде пеш Аброл-ака бо бачаҳои мо аз сафари иялоти Шотландияи Нав баргаштанд. Ниҳоят гуфтанд: "Идеяи шаҳраки тоҷиконро метавон дар Шотландияи Нав, дар каронаи уқёнуси Атлас (Атлантика) пиёда кард!"

Аброл-ака барои бунёди шаҳри Зарафшони Ӯзбекистон ва боло бурдани истихроҷи тилло ба миқдори 60 тонн дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба унвони Барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд. Баъди чанд сол, президент Каримов ин рекорди истихроҷи тиллоро ба номи Узбекистон дар китоби "Гинесс" номнавис кард. Ҳамон замон Иттиҳоди Шӯравӣ солона 100 тонн тилло истихроҷ менамуд. Бо шарофати Аброл-ака, шӯравӣ 160 тонн тилло тавлид мекард.
Рӯёи Аброл-ака ҳамон аст: Бунёди шаҳраки тоҷикон дар Шотландияи Нави Конодо. Ӯ дар рӯзҳои ҷашни 80-солагиаш бо нашри китоби навбатиаш машғул аст. Аммо ҳушу ёди ишон ва мо, ҳамроҳонаш ҳамон аст: 
"Бунёди "Тоҷикистони Нав" дар Шотландияи Нави Конодо"
Имрӯзҳо Аброл-ака Қаҳҳоров ҷашн доранд. Ӯро дар сари дастархони хонаводагиаш табрику таҳният гуфтем. Мо, аҳли муҳоҷират, хушбахтем, ки чунин шахсиятро дорем. Профессор Аброл Қаҳҳоров гули сари сабади миллатанд. Бо чунин шахс аҳли муҳоҷират ифтихор дорад.
Ҷомеаи тоҷикони Конодо ифтихори инро дорад, ки профессор Аброл Қаҳҳоровро бо ҷашни камолоташон хуҷаста бигӯяд. Умратон дароз бод! Ҳамаи мо, Шумои азизро хеле дӯстатон дорем ва бисёр мехоҳем орзуатон ҷомаи амал бипӯшад. Орзуи Шумои бузургвори гиромӣ - бунёди кишваре шабеҳи "Ҷумҳурии Халқии Бухоро" дар Конодои дурдаст….