Пироҳани тоҷикона дорад Наврӯз... 
Наврӯзи хуҷастапай фаро расид...

Имсол ҳам "бачаҳо"-и мо Наврӯзро дар Конодо мӯҳташаму мутантан истиқбол гирифтанд. Кумитаи тадорукоти ҷомеаи тоҷикони Конодо чанд ҳафтаи охир омодагӣ ба ин ҷашни миллӣ гирифт. Дастандаркорони ҷашн гурӯҳи ҷавонони тоҷик таҳти раҳбарии хонаводаҳои мӯҳтарами ҷомеаи мо Саидмуҳаммад ва Паймона-бону, Фаридунҷон ва дигар аъзои ҷамъияти тоҷикони Конодо дар баргузорӣ ва ҷамъ намудани тоҷикону тоҷикистониён саҳми арзандае гузоштанд.
Гардонандагии маҷлиси Наврӯзии тоҷикистониёнро дар шаҳри зебоманзари Монтреал бону Паймона Ҳамдамова бар дӯш гирифта, ҷамъомади ҷомеаи моро пуррангу зебо намуданд. Ширкати хонаводаҳои тоҷикони Бухоро ва Оҳангарон нишасти Наврӯзии тоҷиконро боз ҳам пурҷилову хушманзар ба маъраз гузошт.
Бунёдгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷикони Конодо Равшани Темуриён аз номи ҳамаи аъзои Шӯрои раҳбарии ҷомеа аҳли маҷлиси ҷашниро бо Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, дар рӯзи ид аз шахсиятҳои барҷастаи ҷомеаи тоҷикони Конодо ёдовар шуд.
Баъд сухан ба оҳангсози сатҳи ҷаҳонии машҳури тоҷиктабори Конодову Свидан ва мамолики Ғарб, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Конодо хонум Фарангис Нуруллохоҷа дода шуд. Хонум Фарангис аз номи хонаводаи мӯҳтарамашон аҳли маҷлиси Наврӯзи тоҷиконро муборакбод намуда, ба аъзои ҷамъият саломативу комёбиҳо орзу намуд.
Сипас дар ҳавои шӯру шавқи Наврӯзӣ гардонандаи маҷлис бо кӯдакони тоҷик шеъру рақсҳои тоҷикиро бахшида ба ҷашни Наврӯз ба иҷро расонда, аҳли нишастро ба рақсу ҷашнгирии пурмӯҳташами Ид даъват намуданд. 
Дар ҷараёни ҷамъомади миллат дар Конодо аъзо ва фаъолони ҷамъияти мо мӯҳтарам бародарон Абдулвоҳид ва Илҳомҷон ва чанде аз аҳли маҷлис ҳозиринро бо ҷашни аждодии бостонии мардумамон таҳният гуфтанд.

Маҷлиси Наврӯзии ҷомеаи тоҷикони Конодо дар Монтреал барои бори дуввум бисёр мӯҳташам ва бо шӯру шавқи тоҷикистонӣ сипарӣ гашта, дар хотираи мардуми аҳли муҳоҷират то дер нақш хоҳад баст.

Дар поёни гузоришамон чанд пора акс аз лаҳазоти гуногуни нишасти Наврӯзии тоҷикони Конодо дар шаҳри Монтреал бароятон тақдим мегардад.

Ҳар қавм варо зи хештан медонад,
Пироҳани тоҷикона дорад, Наврӯз.
Зардуштсулола ҳасту Ҷамшеднажод,
Аз Ҷоми Ҷамам нишона дорад, Наврӯз.

(Шаҳрия)