Чамшеди Ахмадиён ва Равшани Темуриён | Филаделфиё-Монреал, Канада

Наврузи Самаркандиён дар Филаделфиё

Самаркандиёни мукими Америка хамчун точикони бостонй бомдоди барвакти аввали мохи Фарвардин дар тарабхонаи "Самарканд" чамъ омаданд. Бомдоди Наврузй садои таронаву ракс ва кафкубихо аксари сокинони гирду атрофи ресторани "Самарканд"-ро аз хоб бедор намуд. Самаркандиёнро, ки нуфусашон беш аз 400 нафар буданд, ошпазони машхури Самарканди бостонй, бо гизои чашни Наврузй - суманаку хариса ва хурокхои машхури точикй истикбол гирифтанд.

Шоми рузи панчуми Фарвардин базми точикон дар тарабхонаи бошукухи "Самарканд"-и Филаделфиё идома пайдо кард. Дастандаркорони базми Наврузй мухтарамон Хаким Раббимпури Ахмадиён, Равшани Сатторзода ва Баходури Кудратиён барои ба хам овардани мардум дар гирди дастархони Наврузй сахми босазое гузоштанд.

Мухтарам Х. Ахмадиён хозиринро бо Наврузи хучаста табрику тахният гуфта, сухане аз таърихи Наврузи бостонй гушуданд. Аз ашъори классикони адабиёт Рудакй ва Анварй порахои шеърй бахшида ба Наврузи дилафруз кироат карда шуданд. Сипас мухтарам Ш. Рахматуллох порахоро аз китоби донишманди точик Сафар Абдуллох дар бораи таърихи Навруз кироат намуда, хозиринро аз решахои бостонии чашни Навруз огох кард.  

Мехмони базми самаркандиён мухтарам Резои Род аз таърих ва анъанахои Наврузи дар Эрони имруз харф зад. Б. Кудратиён мехмонони русзабон ва узбекзабонро ба забонхои русй ва узбекй бо чашни Навруз табрик гуфт. 

Баъдан мухтарам Фирдавси Вохидй аз урфу одатхои Наврузии мардуми Самарканд хикоятхо намуд. Ба думболи ишон, мухтарам Равшани Саторзода ва оилаашон мухтарама Фируза Шакурзода бо хондани таронахои мардумии Самарканд мардуми точик ва мехмононро бо чашни бузурги миллй табрик намуданд. Ба идома, як дастаи гулдухтарони самаркандй бо раксхои зебову шинам чашни Наврузи точиконро дар сарзамини Америка шукуху шахомат бахшиданд.

Барпои чашни нахустини точикон дар Филаделфиё барои хамаи точиктаборони Иёлоти Муттахидаи Америка хотирмон ва лабрез аз ишку хувияти миллй ва сарчашмахои ориёи хеш буд.