BBC| London, UK

Вазъи саломати Окодемисиян Шакурӣ ваҳим шуд

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ ба бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Ибни Сино дар Душанбе мунтақил шуд. Вай тайи чанд рӯзи ахир, пас аз хурӯҷи муҷаддади беморӣ дар ин бемористон бистарӣ буд. 

Бино ба гуфтаи манобеъи огоҳ, пизишкон вазъи саломати ӯро вахим хонда ва ӯро субҳи рӯзи шанбеи 15 сентябр ба бахши муроқибатҳои вижа гузарондаанд.

Оқои Шакурӣ солҳои зиёдест, ки аз бемории варами ғуддаӣ ранҷ мебарад. Вай тайи як соли ахир мукарраран барои муъолиҷа ба Эрон ва Бритониё сафар мекард. 

Ӯ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Кассли Бритониё, ки писараш Анвар дар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт.

                                                                                                       Идомаи матлаб>>>