Аз Ҷомеаи тоҷикони Канада

Бо ҷаҳони сипос аз ҳамаи азизон, дӯстон ва мардуме, ки дар ин рӯзҳои хеле вазнин бо хонаводаи бону Паймона Ҳамдамова ва ҷамъияти мо буданд, дар маросими видоъ, намози ҷаноза дар Маркази Исломии Квебек дар шаҳри Монтреал ва маросими хоксупории бонуи азизи аҳли муҳоҷирати тоҷик, узви Шӯрои раҳбарӣ ва мудири бахши фарҳангии Ҷомеаи тоҷикони Конодо дар Оромгоҳи мусалмонон дар шаҳри Лавал ширкат намуданд.

Мутаассифона, борони ногаҳонии сели шадид нагузошт ҳама дарду алами наздикону дӯстон дар маросими хоксупорӣ иброз шавад, аммо ин ҳам худ баёнгари аҳволи ҳамаи мову шумоён дар баробари андӯҳи бузурги якояки аҳли муҳоҷират буд.

Рӯҳи поку равони бону Паймона шод!
Ёди нозанинаш гиромӣ!
Номаш ҷовидон бод!

Изҳороти Ҷомеаи тоҷикони Конодо

Шоми гузашта соати 8:44 дақиқа яке аз чеҳраҳои барҷастаи аҳли муҳоҷирати тоҷик, узви Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо бону Паймона Ҳамдамова ин дунёро падрӯд гуфт.
Паймона-бону дар синни 38-солагӣ муҳорибаи чаҳорсолаи хешро алайҳи бемории саратон дар ғурбат бохт. Марҳум баъди худ ду писари ноболиғ Манучеҳр ва Мунирро бо падарашон д-р Саидмуҳаммад Оқилзода бозмонд.


Аз сомонаи Ҷомеаи тоҷикони Конодо:


Паймона зодаи шаҳри бостонии Панҷакент, зодгоҳи устод Рӯдакии бузург. 
Дастпарвари Донишгоҳи давлатии забонҳо дар ш. Душанбе. Журналист, мутахассиси умури омори давлатӣ. 
Ҳудуди ҳафт сол аст, ки бо хонаводааш ва ду фарзандаш дар шаҳри Монтреали Канада зиндагӣ мекунанд. Дар Канада коллеҷи Сан-Леонард Де Винчиро дар риштаи муҳосиби касбии ин кишвар ба анҷом расонд.
Бону Паймона Ҳамдамова узви Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо ва масъули бахши фарҳангии анҷумани мазкур (аз соли 2014).

Ҷомеаи тоҷикони Конодо аз ҳамтақдирон хоҳиш менамояд имрӯз рӯзи сешанбеи 24-уми октябри соли 2017 соати 1:30 зӯҳр дар Маркази Исломии Квебек дар шаҳри Монтреал бо адреси зайл:


2520 Chemin Laval, Saint-Laurent, QC H4L 3A1 

дар маросими видоъ ва намози ҷанозаи нахустин тоҷики ғариб дар торихи Конодо ширкат намоянд.

Рӯҳи поку беғуборат шод ва ёди нозанинат дар қалби мардуми бечораи муҳоҷири тоҷики Конодо то абад боқӣ!

Диламон хун мегиряд...

24.10.2017