Шом бо сарвазири ояндаи Конодо

Шоми хубе буд.
Бо мӯҳтарам ҷаноби Максим Берние аз соли 2006 шинос ҳастем. Ба мо, ҷомеаи тоҷикон бисёр меҳрубонй намуда, дар маснади вазири умури хориҷаи Конодо нахустин маротиба дар тӯли торихи 170-солаи давлати Конодо аҳли муҳоҷирати тоҷикро расман эътироф намуданд ва ба мӯҳтарам сарвазири вақт ҷаноби Стивен Ҳарпер муаррифӣ карданд. 
Ҷаноби Берние ҳоло барои раҳбарии Ҳизби оппозитсионии консерватив (муҳофизакор)-и Конодо мубориза доранд. Тибқи пурсишҳои саросарии кишварамон ишон дар миёни 10 номзад дар зинаи аввал қарор доранд. Интихоботи ояндаи кишвар соли 2019 бояд барпо гардад. Аммо банда фикр дорам агар сарвазири кунунӣ зиндагии шахсии ҳавобаландона ва харҷи маблағҳои бисёрмиллионаи мо, молиётпардозони мамлакатро ба чапу рост идома додан гирад, аз эҳтимол дур намедонам, ки миллат интихоботи пеш аз мӯҳлатро талаб намуда, ҷаноби Трюдоро аз тахт чаппа кунад.
Ҷаноби Максим Берние зимни сӯҳбат бо мо паёми гарми худро ба ҷомеаи тоҷикони Конодо ва хонаводаи онҳо, ки дар рушди иктисодиву иҷтимой ва фарҳангии кишвари азизамон Конодо саҳми сазовор доранд, тақдим намуд.
Мо ҳам дар навбати худ дуруду ҳурмати аҳли ҷамъиятамонро ба ишон ирсол доштем.

La Palace, Laval, Quebec
May 04, 2017