Ravshan Temourian | Montreal, Canada

Луиз Фелипе Сколарӣ: "Мардуми Осиёи Миёна дасти росташонро рӯи қалбашон монда бо шумо гап мезананд…."

Луиз Фелипе Сколарӣ, мурабби дӯстоштаи ман баъди Валерий Лобановскийи бузург, ки футболро ба илм табдил дода буд, имрӯз ҳоли баде дошт.

Баъди ҳуштаки ниҳоии довар, Сколарӣ шогирдаш Оскарро, ки аз алами бохти таърихӣ гиря мекард, таскин дода, мардонавор ба ӯ гуфт, ин бохти тими миллии Бразилия бар гардани ӯст ва на тақсири шогирдонаш.

Сколарии файласуфи футбол, ки дар нӯҳ моҳ на фақат тими "Бинёдкор"-и Тошканд, балки футболи Ӯзбакистонро тағйир дод, сархам гашт.

Ба шарофати Сколарӣ футбол дар Ӯзбакистон бештар оммавӣ гашту тими миллии ин кишвар қариб буд ба чемпионати ҷаҳон дар Бразилия роҳхат ба даст оварад. Дар яке аз постингҳоям ба Сколарӣ  дар шабакаи иҷтимоӣ гуфта будам, агар Шумо боз се моҳи дигар ба қарордодатон содиқ мемондед, тими миллии Ӯзбакистон ҳатман ба чемпионати ҷаҳон роҳхат ба даст меовард…

Аммо дастандаркорони соҳаи футболи Тоҷикистон бо таърифу тавсиф аз  академияи футбол ҳарф мезананду футболи кишвар ва дастаи миллӣ ҳамоно дар ҳолати рукуданд.

Баъди бозгашташ аз Тошканд, яке аз хабарнигорони Бразилия, хеле назарногирона аз Луиз Фелипе Сколарӣ пурсид, ки чаро ӯ ба кадом кишвари номаълуми Осиёи Миёна ба кор рафтааст. Сколарӣ ба ин хабарнигори беадаб чунин ҷавоб дод:

- Дар ин кишвари афсонавии Осиёи Миёна мардум вақте ки бо шумо рӯ ба мешаванд дасти росташонро рӯи қалбашон монда бо шумо гап мезананд. Ин маънои хеле амиқеро доро аст. Ин одоб ва фарҳанги мардуми Осиёи Миёна аст.

Таҳлилгари шумораи аввали фосизабони дунё дар умури футбол устод Манук Худобахшиён нахуст шуда, ба бозии тими миллии Ӯзбакистон таваҷҷӯҳ намуда, хитоб карда буд: 

- Дар қораи Осиё ягона тиме, ки футболи урупоӣ бозӣ мекунад, ин дастаи мунтахаби Ӯзбакистон аст!

Устод Худобахшиён ҳам ба хидматҳои мураббии футбол Валерий Лобановский баҳои баланд медиҳад:

- Маҳз Валерий Лобановский барин мураббӣ буд, ки ба футболи Урупо ва ҷаҳон таъсир гузошт. Ӯ буд, ки ситораҳои миқёси ҷаҳонӣ мисли Олег Блохину Андрей Шевченко тарбия ёфтанд.

Аммо имрӯз рӯзи баде дар таърихи футбол буд. Бо бохти калони 1 бар 7 ба Олмон Бразилия, Луиз Фелипе Сколарӣ ва ҷаҳон ҳангу манг ва лол монданд. Лекин медонам, ки Сколарии таҳамтани футбол баъди ин бохт боз пирӯзиҳо хоҳад овард. Сколарӣ ҳамеша ҷавонмадрона рафтор мекунад ва ӯ дар назди мухлисонаш ҳаргиз қарздор нахоҳад монд. Мисле ки дар Ӯзбакистон барномаи нӯҳ соларо дар нӯҳ моҳ ба иҷро расонда, аз худ хотираи бисёр неке гузошт.

Ман ба ин бовар дорам...