Laiq Sherali | Tajikistan

Тоҷико, асли хешро дарёб
Варна фардот бенишон шудан аст...

Ҷанги байни маҳал аҷал овард
Эй бародар, бас аст, дилбазан аст.

Як васият кунам, ба ёд бигир
Дар танат гар на ҳеҷ пираҳан аст,

Тоҷико, асли хешро дарёб
Варна фардот бенишон шудан аст.

Бозёбии хеш агар хоҳӣ
Бозгаштат ба асли хештан аст.
Навбати дови рӯбаҳон бигузашт,
Навбати шермарду шерзан аст!

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бекафан аст