Michel Dugas| Quebec Soccer

РОХ БА СУИ КАМОЛОТ 

Hoshang Noor-Ali | CS Lanaudière-Centre

Хушанги Нуралии точик: Футболбози бехтарини тими мунтахаби Квебек ва ё бозигари умедбахши тими миллии Канада ё Точикистон?

Хушанги Нуралй, фарзанди хурдии устод Дустмухаммади Нурали, Муовини аввали раиси Чомеаи точикони Канада дафъаи чандум футболбози бехтарини иялоти Квебек ва умедбахши Канада эътироф шуд. Ахиран нашрияи бонуфузи фаронсавизабони Канада Quebec Soccer ниммухофизатгари чавони тими бехтарини лигаи олии Квебек CS Lanaudiere-Centre футболбози бехтарини сол эълон кард.



Мо аз Хушанг пурсидем, ки агар уро ба хар ду тими миллй - Канада ва Точикистон даъват кунанд, кадом якеро кабул хохад кард, у гуфт, даъвати тими миллии Точикистонро ба хушй хохад пазируфт. Ёдовар мешавем, ки Хушанги Нуралй 1-ми январи соли 1994 дар шахри Душанбеи Точикистон ба дунё омадааст ва дар синни чор солагй хамрохи хонаводааш  ба Канада хичрат намудааст ва аз руи регламенти ФИФА хак дорад барои тими миллии чумхурии Точикистон хунарнамои кунад.

Матни аслии як сахифаинаи нашрияи Quebec Soccer бароятон дар поён дар шакли PDF пешкаш мегардад. Тарчумаи точики/форсии маколаи рузномаи чопи Канада рузхои наздик ба шумо, хонандагони азизи сомона, такдим мешавад.