Занги ғайримунтазираи шомгоҳӣ аз дӯст

15.11.2019

Мӯҳтарам ҷаноби д-р Фирӯзиддин Фирӯз, вазири сиҳати омма (беҳдошт/тандурустӣ)-и Афғонистон зимни як тамоси телфуниашон аз кори фарҳангие, ки дар миёни аҳли муҳоҷирати Конодо анҷом медиҳем аз Ҷомеаи тоҷикони Конодо  ва тарафдорони он изҳори хушӣ ва миннатдорӣ намуданд. 

Ҳини сӯҳбат инҷониб аз номи Ҷомеаи тоҷикони Конодо мӯҳтарам ҷаноби д-р Фирӯзро бо ҷоизаи ҷаҳонии "Беҳтарин вазири дунё дар соли 2019" табрик намуда, ба корҳои ишон муваффақият хост. Қайд шуд, ки аҳли муҳоҷирати Конодо чашм ба роҳи сулҳу осоиштагӣ дар Афғонистон аст ва омодааст кодрҳои ҷавону боғайрату баландихтисоси таҳсилкардаро барои эъмори Афғонистони навин пешниҳод намояд. Ҳамчунин инҷониб салому шодбошиҳои аҳли муҳоҷиратамонро ба раҳбарони миллат тақдим дошт.

Ҷаноби д-р Фирӯз яке аз вазирони текнократ дар ҳукумати Афғонистон буда, дар соҳаи рушди беҳдошти кишвараш кореро, ки даҳсолаҳо касе анҷом дода натавонист, ба сомон расондааст.

Мӯҳтарам ҷаноби вазир д-р Фирӯз бо даъвати расмии давлати Конодо дар пойтахти ин кишвар қарор доштанд.


Равшан Темуриён,

Раиси Ҷомеаи тоҷикони Конодо