Соли Нави 2019 муборак!


Соли 2018 ба торих мубаддал мешавад. Соли сипаришуда соли хубе барои ҷамъияти тоҷикони Конодо буд. Ҷамъият рӯ ба афзоиш аст. Сол ба сол сафи аҳли муҳоҷирати мо бузургтар мешавад. Ҷомеаи мо саҳми арзандаи хешро дар шугуфоии Конодои азизамон мегузорад. 

Бо мавҷи ахири муҳоҷирати тоҷикон ба Конодо насли ҷадиде дар хоки Конодо ба дунё омаданд. Онҳо ояндаи ҷамъияти моанд. Маъракаву ҷамъомадҳои аҳли муҳоҷират то рафт васеътар мегарданд. Иттиҳоди тоҷикони Конодо тимсоли ҳамзистӣ ва ҳамраъйии миллатамон дар Конодои дурдаст мебошад.


Бо фарорасии Соли Нави 2019, тоҷиктаборони Конодо аз марҳилаи муҳоҷиратӣ ба мақоми соҳибони ин Ватан комилан мегузаранд. Бигзор дар Соли Нав он кӯшишоту талошҳои мо дар роҳи боз ҳам таҳким бахшидани мавқеъи тоҷиктаборон дар ҷомеаи сермиллати Конодо ва дар ниҳодҳои давлатии Конодо ҳосили хубе бидиҳанд.

Барои так-таки шумо - азизон, ҳамтақдирон, тоҷикони Конодо саломатӣ, бурдборӣ ва хушбахтӣ таманно дорем. Бигзор орзуҳои ширинатон дар Конодои демократӣ, дунявӣ, инсондӯсту бечорапарвар бароварда шаванд.

Соли Нав фархунда бод!

Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо