Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Ҷашни Канада муборак!

Якуми июли соли 1867 расман "рузи таваллуди Канада" хисоб меёбад. 

Пас аз 90 соли бунёди Канада кадами аввалин тоҷик ба ин сарзамини бихиштй расид. Дар соли 1958 нахустин тоҷике, ки аз ин кишвари афсонавй дидор ба амал овард, профессор София (Саъдинисо) Ҳафизовна  Ҳакимова буданд.

Баъди 15-20 соли дигар мавчи аввалини мухочирати тоҷикон ба Канада сар шуд. Мавчи бузурги муҳочирони тоҷикистонй аз авоили солхои 90-уми огоз шуда, то рузхои мо идома дорад. Мохе нест, ки тоҷикон бо хонаводахояшон аз Тоҷикистони бе суботу бе назм ба Канада куч банданд. Аксари мухочирони навини точик баъди 14 соли хатми чанг мевахои давраи чаласулхи гуломиро чашида, ба хулосаи аник омадаанд: ояндаи онхову фарзандонашон факат ва факат дар давлати Канадаи озод, бечорапарвар, инсондуст маъно пайдо мекунад.Мафхуми "Инсон" дар Канада мукаддас аст, давлат барои одамон офарида шудааст, на одамон барои давлат ва касе ҳақ надорад ба озодй ё ҳуқуқҳои инсон даст дароз намояд.

Боре дар мачлиси чомеаи точики Канада устод Дустмухаммад Нуралй, яке аз рахбарони мо, аз истифодаи ибораи "мухочирон" аз тарафи тоҷикони Канада, гуфтанд: "Ба лихози Худо, дигар мо дар Канада мухочир нестем, 20 сол гузашт, дигар ин харфхоро ба забон наоваред. Мо дар Канада хонаву дар дорем, дигар гурезаву фироририву мухочир нестем. Бачахои мо дар Канада ба дунё омаданд, моро Канада нону намак медихад, хар мох барои фарзандонамон аз рузи ба дунё омаданашон то ба 18 солагй кумакпули медихад, хамаи моро бо кор таъмин мекунад, мо Канадаием!"   

Вокеан, худуди 20 сол сипарй мешавад, ки мо аз Тоҷикистон ба Канада ҳиҷрат кардаем. Чун точики хушбовар хамеша дар кунчи хаёламон умеде чун чароги шамъе фурузон доштем, ки Ватани аҷдодиамон озоду босубот мешавад, ҳамаамон якчоя бо фарзандонамон ба сари баланд ба Тоҷикистони азиз баргашта, онро ба "Канадаи кучак"-и точикй - биҳишти сонй табдил медихем. Аммо ин тур нашуд. 20 сол мунтазир мондем, бо хаёлхои ширини худ миёни замину осмон, миёни ду укёнуси бузурги сайёра.

Фарзандони точике, ки дар хоки Канада ба дунё омаданд, холо 20 сола шудаанд, чигарбандони 20 солаамон 40 сола гаштанд, падарони 40 сола ба 60 даромаданд. Аммо Тоҷикистон ба чои ба пеш рафтан, ба як кишвари қашшоқи фасодзадаи машхур дар ҷаҳон ва аксари мардумаш сарсону саргардон дар чор тарафи дунё аз пайи як бурда нон, хамоно ру ба фурупошист ва танхо дар харитаи ҷаҳон мондаасту халос.Орзуву умедхои нек дар робита ба ояндаи ватани ачдодй мисли пиряхҳои Помир руз то руз об мешаванд. Касе аз сиёсташиносони бузурги дунё гуфта буд, ки хар миллате сазовори хукумате аст, ки алон сари он хукм меронад....

Имруз Рузи Канада аст. Алон дар Канада ва бо Канадаем. Ҳар боре, ки дар Канада аз ман мепурсанд: "Шумо аслан аз куҷо хастед?"

Банда бо ифтихор мегуям: "I am a Canadian with Tajik roots" (Ман Канадаиам,  бо решахои тоҷикӣ/Ман тоҷиктабори Канадаиам).

Ҷашни зебои Канада муборак ба ҳар хонадони Шумо, дустониҳамтақдир!

 -----------------------------------------------------------------------------------------