Равшани Темуриён | Монреал, Канада

Рӯзҳои хуршедии Самарқанди қанд

(Эҳдо ба Ҳакимҷон Аҳмадиён)

"Даруни бистари абр офтоб бемор аст…"

(Фарзона)

StartFragment

Одамизод ҳар хел мешавад.

Тоҷик ҳам.

Дар байни пешвоёни тоҷикони ӯзбекистонӣ лидерони самарқандӣ фарқ карда меистанд. Тибқи эътирофи худи қавм, ба тоҷик дуо рафтааст, дар миёни онҳо низ одамони ҳар хелаву чанд рӯя ҳастанд…

Аммо чанд ангуштшуморе ҳастанд, ки бо номи томаш фидоӣ ва сарсупурдаи ин миллати парешу парканда буданд ва ҳастанд.

Яке аз онҳо дар таърихи ин миллат ҷойгоҳи хосе дорад ва хоҳад дошт. Муборизи роҳи бедории миллат дар Самарқанд ва ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳакими Раббимпури Аҳмадиён.

Ишон мисли дигар ҳамсафонаш на унвони илмӣ дораду на шоиру на нависандаву на рӯзноманигору на маъмури давлативу на сиёсатмадор. Ӯ муҳофизи ҳуқуқи тоҷикон аввал дар Самарқанду Ӯзбекистон ва баъд дар Афғонистону Тоҷикистон ва дигар ҷойҳои тоҷикнишин мебошад. Дилаш ба миллаташ метапад.

Аз рӯи ихтисос муҳандиси сохтмон, аммо аз лиҳози зарфият муборизи ҳаққу ҳуқуқи тоҷикони Ӯзбекистон. Яке аз аввалин шахсе, ки гирдиҳамоиҳои тоҷиконро барои ба забони модарии хеш дар Самарқанд ҳарф задан, фаро хонд. Яке аз нахустин ҷавонмардони самарқандӣ буд, ки бо пофишориву хуни ҷигархӯрданҳо солгарди Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар замони бисёр маҳдудиятҳо дар Самарқанди зебо таҷлил намуд. Яке аз фидоиёне, ки баъди садсолаҳо миёни издиҳоми самарқандиён ба майдони Регистон баромада, тоҷиконро аз хоби ғафлат бедор карданӣ шуд. Регистонро баъди 1400 соли суханронии таърихии малика Томирис дар баробари ҳамлаи аҷирони аҷнабӣ бедор кард. Регистон бедор шуд. Самарқанд ҳушёр шуд.

Вақте, ки бо талоши дастаҷамъии Ҳакимҷон ва ҳамҷабҳаҳои ишон дар толори опера ва балети шаҳри Самарқанд зодрӯзи шоирони маҳбуб устодон Бозор Собир ва Ҳаёт Неъматро бори аввал дар чунин муҳити бедорӣ ва талош барои худшиносии миллӣ барпо карданд, ҳамаро эҳсосот фаро гирифт. Хоса, ҳине, ки ҳунарманди асили тоҷик Ортиқ Қодиров шеъри “Забони модарӣ”-и устод Бозор Собирро дар ҳавои мусиқии гурӯҳи ҳунарманди самарқандӣ Мардон Мавлонов қироат менамуд, толори пур аз мардум, ки беш аз 800 нафар ҳозир буданд, ашк мерехтанд. Ин ашки ифтихори миллӣ ва ашки талхи сарнавишти миллат дар давраи беадолатиҳои шӯравӣ дар баробари Самарқанди қанд ва Бухорои азиз буд…

Ҳакимҷон бо ҳамсафони вафодори хеш олимон Азиза Юсуфӣ ва Амина Шарофиддинова, шоир Ҳаёт Неъмат, марҳум Ӯктам Бекмуҳаммадов, профессор Мирҷамол Мирсаидов, бародарони мубориз Шамсӣ ва Садрӣ Саъдиевҳо, меъмор Вафо Эшониён ва соҳибкор Хуршед Маҳмудов, ифтихор дорад, ки бо ишон дар ин роҳи пурпечу тоби талошҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар радаи аввали мубориза қарор доштанд.

Бо ибтикори размандагони роҳи миллат дар Самарқанд номаи бо имзои чанд сад ҳазорнафараи мардуми асил ба унвонии раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ М. Горбачёв фиристода шуд.

Маҳз, бо фишору талошҳои нестандарҷаҳони ин муборизон забони модарӣ дар як ноҳияи Самарқанд – Сиёб расмӣ гардид. Шиорҳо ба забони тоҷикӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Самарқанд баъди даҳсолаҳои беадолатиҳо дар баробари миллати  бумӣ падидор гаштанд.

Бори нахуст Ҳакимҷон Аҳмадиён бо зиндаёд Ӯктам Бекмуҳаммадов барои дидор бо гурӯҳи фаромарзии намояндагони мардумӣ дар парламони Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар шаҳри Челябинскии Русия, бо академик А.Сахаров, Д.Худоназаров, Б. Афанасиев, М. Салие, Б. Елтсин ва дигарон мулоқот намуда, дарди миллати тоҷики Ӯзбекистонро ба ҷаҳониён расонданд.

Ҳамчунин борҳо бо пуштибониву марҳамати адабиётшиноси маҳбуб Сафар Абдулло дар дидору нишастҳо бо намояндагони мардумӣ дар парламони шуравии собиқ устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Давлат Худоназаров ва дигарон дар Маскав ва ҳамчунин бо раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе Ҳакимҷон ва ёронашон садои қалби самарқандиён ва ҳаммиллатони ӯзбекистониро пахш мекарданд.

Ҳакимҷон, ки алон соли ҳафтӯм аст, ки бо хонаводааш дар шаҳри Филаделфиёи Иялоти Муттаҳидаи Америка зиндагӣ ихтиёр кардааст, мегӯяд:

-  Мо бисёр мехостем, ки миллат дар як марзи фарҳангӣ зиндагӣ намоянд ва онро аз фанои маънавӣ нигоҳ дорем.- Албатта, мо ба ин мақсадҳо расида будем, аммо фурӯпошии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамаи дастовардҳои моро бар бод дод, - изҳор медорад Ҳакимҷон. - Ба гуфтаи устод Лоиқ, “хоки моро бехтанд…” аммо мо ҳанӯз ҳастем, ки ҳастем!

Дар ин рӯзҳои мубораки 60-мин солгарди ҳаёти хеш Ҳакимҷон бештар аз тарбияи фарзандони азизаш Эраҷ, Моҳигул, Ҷаъфар ва Ҷамшед ва наберагони ширинаш дар бораи бедории миллӣ ва решаҳои аҷдодӣ сухан мекунад. Зеро решаҳои аҷдодии хеш, ки модарбузурги тарафи модарӣ - аз Уструшани қадим, модарбузурги тарафи падарӣ аз Балхи бостон ва решаҳои падарбузургонаш, ҳама аз Самарқандандро пос медорад. Ӯ дар гузари Хуҷандии ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд ба дунё омада, тамоми умрашро дар Самарқанди бостонӣ сипарӣ намудааст. Қиблагоҳаш Раббими Аҳмадиён аз авлоди ашрофззодагон ва волидаи азизашон Ҳоҷар Атоӣ омӯзгори фарзандони ин миллат дар Самарқанд будаанд.

Ҳавлии аҷдодиашон дар Самарқанди кӯҳан ҳамеша аз наздикону дӯстон ва ҳамҷабҳагон пур буд. Ҳеҷ аз ёд намеравад замоне, ки фишори ҳукуматдорони давр рӯи Ҳакимҷон ва ҳамсафонашон зиёд шуда, ҳатто ишонро ба зиндон партофта буданд, устодони зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ва Лоиқ Шералӣ, устод Бозор Собир ва ҳунарманди маҳбуб Ортиқ Қодиров чанд шаб меҳмони ҳавлии бобоии Ҳакимҷон шуда буданд.

Рӯзҳои нек ва ғанимате будаанд, он рӯзҳо…

Ҳоло "даруни бистари абр офтоб бемор аст…"

Ба уммеди бозгашти офтоб ва рӯзҳои хуршедӣ дар ин айёми мавлуди дӯст, бародар, фидоӣ ва фаъоли ҷомеаи тоҷикони Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҳакимҷон Раббимпури Аҳмадиён, - ифтихори аҳли муҳоҷирати ин миллат дар канори сайёра.

Рӯзҳои нек, рӯшанӣ, тандурустӣ, осудагиву оромӣ, болидагии рӯҳу ҷисм ва рӯзҳои бидуни абр ва шабҳои пур аз исторагон бароятон орзу дорам. Ҳамеша чароғи маърифат ва худшиносӣ дар дастатон бошад!